Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири Олмон дар Тоҷикистон

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубориза бар зиддӣ ҷиноятҳои муташаккил, хусусан ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм ва экстремизм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин тарафҳо лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар соҳаи мубориза бо ҷинояткориро мавриди муҳокима қарор дода, изҳори умед карданд, ки пас аз баимзорасонии лоиҳаи Созишномаи мазкур ҳамкориҳои ташкилию амалӣ дар сатҳи баланди касбии дуҷониба ба роҳ монда хоҳанд шуд.

Вохӯрӣ дар фазои якдилӣ ва якдигарфаҳмӣ ҳусни анҷом пазируфт.

Гулова М.

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика