Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Украина

669

Ҳафтаи равон директори Бюрои Марказии Миллии Интерполи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Азиззода Абдуғафор Қаюм бо Сафири Ҷумҳурии Украина ҷаноби Серватюк Василий Николаевич вохӯрӣ доир намуд. 

Нахуст Азиззода Абдуғафор меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хушомадед гуфта, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Украина аз рӯзҳои аввал Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуда, робитаҳои дӯстонаро барқарор ва ҳамкориҳоро густариш додааст.
Дар рафти вохӯрӣ як қатор масъалаҳое, ки ба муосиркунонии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади вокуниши самаранок ба таҳдиду хатарҳои ҷинояткории байналмилалӣ дахл доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар робита ба ин оид ба густариш додани ҳамкориҳои минбаъда дар самти мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили байналмилалӣ, терроризм, экстремизм, киберҷиноятҳо, тақвият бахшидани мубодилаи иттилоот ва таҷрибаи корӣ як қатор таклифҳои судманд пешниҳод гардид.
Абдулмуъмин Зайниддинзода,
Муродалӣ Саидзода




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика