Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамошои намоишномаи театрӣ

1201

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари пешбурди самти фаъолият, ҳамзамон баҳри баланд бардоштани савияи дониш, бархурдор гардидан аз таъриху адабиёти классику муосири миллати тоҷик ва дигар халқиятҳо пайваста дар маҳфилҳои адабиву фарҳангӣ ва озмунҳо иштирок менамоянд. Инчунин, дар намоишномаҳои театрие, ки аз ҷониби ҳунарпешагони ҷумҳурӣ омодаву пешкаш мегарданд, фаъолона ширкат варзида, ба худ ғизои маънавӣ мегиранд.

1202

Бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар пайи амалӣ намудани чунин иқдоми наку кормандони милитсия дастаҷамъона намоишномаи «Найрангҳои Майсара»-ро, ки аз ҷониби ҳунарпешагони Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский пешниҳод гардида буд, тамошо намуданд.
Намоишномаи мазкур дар жанри ҳаҷвӣ-мазҳакавӣ ба саҳна гузошта шуда, он масъалаҳои иҷтимоӣ ба монанди хиёнат ба оила ва дигар кирдорҳои ношоистаеро, ки дар гузашта ҷой доштанд, дар бар мегирифт. Дар симои қаҳрамони намоишнома, яъне Майсара, ки зани боақлу боҳушу доно аст, роҳҳои баромадан аз ин мушкилотро нишон медод. Ҳунармандони Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский, ки айни замон дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият менамоянд, нақшҳоро бо як маҳорати баланди касбӣ офариданд. Ҳунармандони саҳна аз кафкӯбиҳои бардавоми тамошобинон рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд.

1203

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки бо фарзандону аҳли оилаи худ ба театр омада буданд, аз чунин як намоишномаи ҷолиби диққат ғизои маънавӣ гирифтанд.

Р. ИЛЁСОВ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

30.06

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика