Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастоварди илмии муаллима

Чорабинии илмие, ки ба ин хотир дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон баргузор гардид, бори дигар нишон дод, ки муаллима Азиза Давлатшоева сари таҳқиқи мавзўи интихобнамудаи худ заҳмати зиёд кашидааст.

Тавре ӯ иброз намуд, болои мавзӯи зикршуда аз соли 2011 кор карда, дар ин муддат дар нашрияҳои даврӣ 24 мақола ба нашр расонида, дар 11 конференсияи илмӣ баромадҳо кардааст.

Роҳбари илмиаш ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, академики Академияи фанҳои педагогии Тоҷикистон, профессор Ирина Каримова мебошад.

Мавриди зикр аст, ки муаллима Азиза Давлатшоева раиси Шӯрои занони ВКД буда, ба шеъру шоирӣ майлу рағбати зиёд дошта, муаллифи суруди тантанавии милитсия мебошад. Ҳамин аст, ки ӯ на танҳо омӯзгору тарбиятгари курсантону шунавандагони Академияи ВКД, балки чун фарди худогоҳу худшинос, масъулиятшинос ва фарҳангиву дорои хислатҳои баланди инсонӣ дар мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ шинохта шудааст ва дар байни ҳайати профессорону омӯзгорони Академия низ ҷойгоҳи намоён дорад. Ҳамчунин ӯ солҳои зиёд ба сифати ташаббускори тамоми чорабиниҳои ҷамъиятӣ, илмиву фарҳангӣ ва эҷодӣ дар Академия баромад намуда, шогирдони сершумореро дар ин самт тарбия кардааст.


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2909

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика