Сипас, роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» Аслиддин Хушвахтов оид ба фаъолият, дастовардҳо ва таърихи таъсис додани гуруҳи мазкур маърӯза намуда, изҳор дошт, ки вақте, ки ғояи таъсис додани гуруҳи «Пешоҳанг» ба миён омад, бо дастгирии бевоситаи Вазири корҳои дохили генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ин гуруҳ таъсис дода шуда, аллакай ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Мақсади асосии гуруҳи ҷавонони «Пешоҳанг» ин пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва гуруҳҳои террористӣ, экстремистӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба воситаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, махсусан ҷавонон иборат мебошад.
Инчунин, аъзои гуруҳи «Пешоҳанг» Азамқулова Шаҳноза, донишҷӯи бахши 4-уми Донишкадаи забонҳои ба номи С.Улуғзода, бо забони англисӣ оид ба ҳадаф ва мароми гуруҳи мазкур суханронӣ кард.
Дар идомаи конференсия муовини сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ оид ба илм полковники милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич зикр намуд, ки ислоҳоти (рушди) милитсия дар доираи амалигардонии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоиҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2007, № 704 тасдиқ гардидааст, Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013, №1438 тасдиқ гардидааст ва Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 майи соли 2014 таҳти № 296 тасдиқ шудааст, ба роҳ монда шудааст.
Тибқи Стратегия ва Барномаи номбаршуда ислоҳоти (рушди) милитсия иқдоми аввалине мебошад, ки раванди он бояд дар ҳамбастагӣ бо ворид намудани тағйироти муносиб дар фаъолияти дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судии кишвар пурра ва мукаммал гардонида шавад.
Дар анҷоми конференсияи байналмилалӣ иштирокчиён як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ҷиҳати амалигардонии ислоҳоти милитсия иброз намуданд.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом ба ҳозирин барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки ин ҳамоиши сатҳи баланд барои боз ҳам тақвият бахшидани рушди ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Бо ҳамин, конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами ислоҳоти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба кори худ хотима бахшид.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>