Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Самтҳои асосии Стратегияи ислоҳоти милитсия

Мутобиқи Барномаи ислоҳоти милитсия ва Нақша оид ба амалисозии он якчанд самти асосӣ муайян карда шудааст ва дар навбати аввал, ин мукаммалсозии заминаи қонунгузории фаъолияти милитсия мебошад. Бо ин мақсад 13 санади ҳуқуқӣ-меъёрӣ, аз он ҷумла, лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия», «Оид ба мақомоти корҳои дохилӣ» ва ғайра таҳия гардида, барои муҳокимаи оммавӣ пешниҳод гардидаанд. Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия», Кодекси одоби политсия ва меъёрҳои одоб таҳия карда мешаванд. 

Сипас, эксперти Кумитаи Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба мудофиа, сармуҳаррир ва раиси Шӯрои таҳририи маҷаллаи илмии «Юридическая наука: История и современность», доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, академик, Ходими хизматнишондодаи илми Федератсияи Россия, Корманди фахрии таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, генерал-лейтенанти милитсия Салников Виктор Петрович дар мавзӯи «Ҳуқуқу озодиҳои инсон - арзиши олии конститутсионии Россия ва Тоҷикистон: фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳимояи он» муфассал баромад намуд.

Ҳамчунин, дотсенти кафеддраи мурофиаи ҷиноятии Донишгоҳи ҳуқуқшиносии давлатии Урал ба номи О.Е.Кутафин (ш.Екатеринбург, филиали МГЮА), номзади илмҳои ҳуқуқ Александрова Людмила Анатолевна дар мавзӯи «Оғози парвандаи ҷиноятӣ чун инъикоси ҳамкории функсионалии мақомотҳои мурофиаи судии ҷиноятӣ: таҷрибаи ислоҳот» маъруза намуда, фикру андешаҳои худро перомуни ин мавзӯъ иброз дошт.

Айни замон, конференсияи байналмилалӣ идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттило хоҳем дод.  


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2909

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика