Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи конференсияи байналмилалӣ дар Китобхонаи миллӣ

Стратегияи қабулшудаи ислоҳоти милитсия ҳуҷҷате мебошад, ки сиёсати давлатро дар ин самт муайян менамояд. Ҳадафи асосии ислоҳоти милитсия аз он иборат аст, ки милитсия ба ҳамгироии ҷомеаи шаҳрвандӣ мушарраф гардад. Ҷомеа бояд такягоҳи боътимод ва ёрдамчии милитсия бошад. Иқдомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар баргузории чорабинии имрӯза муҳим арзёбӣ мегардад.

Сипас, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Маҳкам вобаста ба тақвият бахшидани ислоҳот дар мақомоти милитсия фикру андешаҳои худро иброз дошта, қайд кард, ки ин ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ бобати гузаронидани ислоҳоти милитсия дар мақомоти корҳои дохилӣ як қадам пеш дар раванди таҳкими қонуният, конститутсия ва тартиботи ҳуқуқӣ маҳсуб меёбад.

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зимни баромади хеш изҳор дошт, ки мақомоти корҳои дохилӣ яке аз муҳимтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб рафта, дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд нақши муҳим дорад. Мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳое, ки ба амнияти давлат ва кишвар хатар эҷод менамоянд, саҳми назаррас мегузорад.

Дар рафти конференсияи байналмилалӣ Роҳбари Бюрои САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мюллер Маркус оид ба ҳамкориҳои муштараки Бюрои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти милитсия ибрози андеша намуд.

Ҳамчунин, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Ятимов Саймумин Сатторович бо забони англисӣ фикру мулоҳизаҳои худро доир ба ислоҳоти милитсия ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқ намудани Стратегия ва Барномаи рушди ислоҳоти милитсия изҳор намуд.

Айни замон, конференсияи байналмилалӣ идома дошта, аз рафти он иттило дода мешавад. 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2909

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика