Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ

Дар конференсияи байналмилалӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Роҳбари Дастгоҳииҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр, Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода Маҳкам, Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимов Саймумин Сатторович,  директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Рустам, Роҳбари Бюрои САҲА дар Тоҷикистон Маркус Мюллер, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода, намояндагони Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати адлия, Шӯрои адлия, Донишгоҳҳо, Сафоратхонаҳо, созмонҳои байналмилалӣ, Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия, зергуруҳ оид ба ворид намудани ҷанбаҳои гендерӣ дар Барномаи ислоҳоти милитсия, дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатӣ иштирок доранд.

Ҳамчунин, дар конференсияи мазкур шарикони иҷтимоӣ аз ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ширкат варзида истодаанд.

Конференсияро Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида,  иштирокчиёни конференсияро хайра мақдам гуфта, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ намуд.

Мавсуф зимни баромад зикр кард, ки «Мавзӯе, ки дар конференсияи имрӯза баррасӣ мегардад, яке аз масъааҳои муҳим ба шумор рафта, иштирокчиёни ин ҳамоиш имкон доранд, андешаҳо ва таҷрибаҳои худро вобаста ба ислоҳоти милитсия мубодила намоянд. Ислоҳоти милитсия дар мақомоти корҳои дохилӣ се сол боз идома ёфта, дар ин замина як қатор санадҳои муҳим аз қабили Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020, Барномаи рушди ислоҳоти милитсия ва Нақшаи амалисозии Стратегия қабул гардида, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» таҳия гардида, барои муҳокимаи оммавӣ пешкаш гардидааст».

Айни замон, конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами ислоҳоти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттило дода мешавад.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика