Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи ҷумҳуриявӣ хотирмон гузашт

Дар фарҷом, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба иштирокчиёни конференсия барои ширкати фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосир аз қабили терроризм, экстремизм ва коррупсия метавон танҳо дастаҷамъона, дар ҳамбастагӣ ва якҷоягӣ муборизаи беамон бурд.

Мавриди зикр аст, ки конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ: дастовардҳо ва дурнамоиҳои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва коррупсия», ки мавзӯи ниҳоят муҳим ва доғи рӯзро дар бар мегирифт, аз ҷониби ҳуқуқшиносон, олимон, ходимони дин ва коршиносони шинохтаи ҷумҳурӣ бо хушнудӣ пазируфта шуда, ҷолиб ва хотирмон анҷом пазируфт.       

Маҳбуба Гулова, майори милитсия.


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика