Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубориза дар ҳамбастагӣ

Дар ҷараёни конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ: дастовардҳо ва дурнамоиҳои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва коррупсия» Солиев Карим Ҳоҷиевич - муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, полковники милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон дар мавзӯи «Мутобиқатии қонунгузории Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҷиҳати риояи ҳуқуқҳои инсон доир ба озодии эътиқод», Юсупов Бахтиёр Ғафурович – сардори Раёсати пешгии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия дар мавзӯи «Чораҳои андешидашавандаи пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Саймукаррам Абдуқодирзода – Раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Фазои андешаҳои динии кишвар: дастовардҳо дурнамоиҳо» Загрибелин Владимир Леонидович – ҷонишини Директори Генералии ҶДММ «Гурӯҳи амнияти иттилоотӣ» дар мавзӯи «Доманпаҳнкунии ҷиноятҳои муосири кибергӣ ва кибертеррористӣ» муфассал баромад намуда, фикру андешаҳои худро иброз доштанд.   

Айни замон, конференсия идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика