Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир

 

 

 

 

Холиқзода Абдураҳим – Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, професор дар мавзӯи «Меъёрҳои динӣ-ҳуқуқӣ ва раванди демократӣ дар Тоҷикистон», Хидирзода Махфират Умар – Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, професор дар мавзӯи «Нақши зан ва оила дар муқовимат бо тундгароишавии ҷамъият»  баромад намуданд.

Ятимов Саймумин Саторович - Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, генерал-лейтенант, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ маърӯзаи худро бо забони англисӣ шурӯъ намуда, чунин иброз намуд: «Ман боварии комил дорам, ки тамоми мардуми Тоҷикистон ватандӯсту ватанпарвар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои миллӣ бар зидди ҳама гуна хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм ва коррупсия дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ мубориза мебарад».      

 

Сипас, Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода – эмомхатиби масҷиди ҷомеаи ноҳияи Ҳисор дар мавзӯи «Вазъи динии мусалмонон дар Тоҷикистон» ва Абдуллозода Аҳтам Рустам – Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷавонони Тоҷикистон дар муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосир» маърӯза намуданд.

 

Айни замон, конференсияи ҷумҳуриявӣ идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика