Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи Конференсияи ҷумҳуриявӣ

Дар идомаи конференсияи ҷумҳуриявӣ Салимзода Шерхони Одина – Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири ҳақиқии давлатии адлия, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон дар мавзӯи «Чораҳои андешидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ» муфассал баромад намуда, қайд кард, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қадимулайём мардуми бохирад буда, мафҳуми терроризмро хуб дарк менамояд ва ин зуҳуроти номатлубро қабул надорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир тамоми чораҳоро андешидааст ва дастаҷамъона бар зидди он мубориза мебарад. 

Ҳамчунин, дар рафти конференсияи мазур Мӯсозода Ҳусейнҷон – муовини Раиси Маркази Исомии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавзӯи «Терроризм аз Ислом нест!» баромад намуда,  қайд кард, ки «Аслан маънои калимаи экстремизм бо як сухан маънои «моҷаро»-ро ифода мекунад ва экстремизмро ба маънои моҷароҷӯй низ истифода мекунанд. Худои таъоло дар ояти 102-юми сураи «Бақара» фарудааст: «Ал-фитнату ашадду минал-қатли». Яъне Худованд мефармояд, ки гуноҳи фитна андохтан байни марум аз қатлу куштор азимтар аст. Агар бо қатлу куштор ҷони чанд кас аз байн равад, бо як фитна ҷони ҳазорон нафар аз даст меравад».

Мавриди зикр аст, ки конференсияи мазкур бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷараён дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика