Баррасии ин масъала дар Рӯзи аввали ҳафтаи ҷавонон рамзӣ буда, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 апрели соли равон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ оид ба таҷлили 20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Сарқонун - қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад.
Меҳвари асосии қонуни асосии кишварро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил дода, дар он аввалин маротиба дар таърихи қонунэҷодкунии давлат ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ ва заволнопазир эътироф гаштаанд».
Дар идомаи суханрониаш Вазири корҳои дохилӣ чунин қайд кард: «Боиси ифтихор аст, ки дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи райъпурсӣ қабул карда шудааст».
Сипас, Сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Зоиров Ҷӯрахон Маҷидович баромад намуда, оид ба кафолатҳои риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Сарқонуни кишвар ибрози андеша намуд.
Мавсуф ҳамзамон қайд кард, ки бо шарофати қабули Конститутсия кашмакашиҳои сиёсию бесарусомониҳо хотима ёфта, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат асоси боэътимод гузошта шуд.
Ин дастовардҳо, бешубҳа, симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меъмори ваҳдат, эҷодгари фарҳанги сулҳ дар қарни ҷадид ва раҳнамои таҳаввулоти ҳамгироӣ ва ҳамзистӣ дар асри навин муаррифӣ менамояд.
Курсанти курси якуми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ Мирзоматов Фирӯз Хушқадамович дар мавзӯи «Қонун бақои миллат» баромад намуда, оид ба мафҳум, аҳамият ва моҳияти Конститутсия маълумот дод.
Сипас, меҳмони конференсия аз Федератсияи Россия Аврутин Юрий Ефремович – ходими хизматнишондода ва Ҳуқуқшиноси шоистаи Федератсияи Россия, профессор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дар мавзӯи «Асосҳои конститутсионии ташаккулёбӣ ва вазифаҳои политсияи Федератсияи Россия» муфассал баромад намуда, фикру андешаҳои ҷолиб ҷиҳати истифода бурдани таҷрибаи Федератсияи Россияро дар самти ислоҳоти милитсия пешниҳод намуд.
Мавсуф ҳамчунин аз арзиши олӣ маҳсуб ёфтани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешравию тараққиёт ва сулҳу субот дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ кард.
Аврутин Юрий Ефремович ба Вазири корҳои дохилӣ барои даъват ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар ин чорабиниҳои муҳим изҳори миннатдорӣ намуда, ба ӯ тӯҳфаи хотиравӣ китоби «Тафсир ба Қонунҳои Федералии Россия»-ро тақдим намуд.
Дар идомаи конференсия намояндагони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура, суд, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва олимону мутахассисони варзида дар мавзӯъҳои «Прокурор кафили таъмини меъёрҳои конститутсионӣ», «Нақши Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимияти судӣ», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустасоси ташаккули фарҳанги сиёсии ҷавонон», «Конститутсия – қонуни асосии давлат ва ҷомеа» ва ғайра баромад намуда, паҳлӯҳои гуногун ва ҷанбаҳои муҳими Сарқонунро ба ҳозирин фаҳмонида доданд.
Дар хотимаи конференсия байни иштирокчиён муҳокима ва музокираҳо сурат гирифт.
Маҳбуба Гулова, майори милитсия.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>