Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарси кушоди Вазири корҳои дохилӣ

Дар оғози суханрониашон Вазири корҳои дохилӣ оиди моҳияти паёми Президент якчанд рақамҳоро дар хусуси ба соҳаи илму  маориф сарф кардани маблағҳоро, ки аз паём бармеояд гуфта гузаштанд ва сипас ба донишҷуён дар хусуси  таърихи пайдоиш, зарурат ва моҳияти истифодабарии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин таҳдидҳои нави ҷаҳони имрӯза, терроризм, экстремизм хариду фурӯши одамон, яроқ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, ки  фаъолияти кормандони соҳаи оперативӣ ба он равона карда шудааст, ба тариқи саволу ҷавоби бевоситаи донишҷуён сурат гирифт ва дар давоми дарси кушод фаъол будани донишҷуён, ки оиди ин самт аллакай шиносоӣ доштанд сурат гирифт. Вазир қайд карданд китобе, ки рӯи чоп баромадааст омӯзиш, таҳлил ва заҳматҳои 15-солаи ӯ дар соҳаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мебошад.

Инчунин қайд карда шуд, ки китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустӯҷӯӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати китоби дарсӣ тасдиқ гардидаст ва бо боварӣ метавон гуфт, ки дар саҳифаи таърихи рушти илми ҳуқуқшиносии тоҷик ин як пешрафти илмӣ ба ҳисоб меравад ва албатта барои ташаккули дониши ҳуқуқии донишҷуён ва кормандони оперативии ҳифзи ҳуқуқи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ҳаррӯза ва ояндаашон такони ҷиддие хоҳад шуд.

Сипас, Вазир қайд карданд, ки китоби дарсии мазкур аз 4 қисми таркибӣ иборат буда аз нигоҳи услубӣ ва мантиқӣ дар дараҷаи хуби илмию таълимӣ таҳия гардида таҳлили манбаҳои таърихии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, разведкавӣ ва зиддиразведкавӣ, инчунин таърихи ташаккули фаъолияти ҷустуҷӯӣро дар Тоҷикистон ба таври возеҳ ва равшан  шарҳ додааст.

Дар ҷараёни дарси кушод ба донишҷуён имконият дода шуд, ки баромад намуда оиди самтҳои мухталифи ин масъала фикру андешаронӣ намоянд. Донишҷуён дар навбати худ бо дарки баланди аз худ кардани дониши ҳуқуқӣ баромаду андешарониҳо карданд.

Дар ҷараёни дарси кушод донишҷуён қайд карданд, ки айни ҳол онҳо бо назарияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ шинос буда хоҳиши онро доранд, ки дар соли хониши нав ба онҳо қисми махсуси ин самт низ омӯзонда  шавад ва доираи дониши  онҳоро оид ба  самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мазкур  васеъ намоянд ва бояд гуфт, ки дар ҷараёни баррасӣ маводҳое, ки дар натиҷаи гузаронидани ФОҶ ба даст оварда мешавад на ҳама вақт дар мурофиаҳои судӣ аз ҷониби судяҳо ва прокуророн ба инобат гирифта мешуд ин албатта дар баъзе ҳолатҳо ба нофаҳмиҳо оварда мерасонид. Хоҳиши донишҷуёни  ҳуқуқшиноси мактабҳои олии кишвар барои омӯзиши  ин самт хело муҳим буда барои пешрафти самти фаъолияти оперативӣ-ҷустӯҷуӣ такони ҷиддие хоҳад шуд. Вазир қайд карданд, ки бояд аз курсии донишҷӯӣ ҳуқуқшиносон дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дониши мукаммал дошта бошанд, зеро ки дар замони муосир исботи кирдори ҷинояткорон ҳаминро тақозо менамояд ва дигар бо усули ба қавли «бобогӣ», «калтакзанӣ», «маҷбуркунӣ» кайҳо боз аз байн рафтааст.

Таҳлили самтҳои муҳимтарини фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, омўзиши намудҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ дар дастури мазкур ба кормандони дар ин самт фаъолияткунанда, имконият медиҳад, ки оид ба масъалаҳои мазкур дониши ҳаматарафа аз худ кунанд.

Маълум аст, ки сол то сол ҷинояту ҷинояткорӣ ба худ хусусияти хос касб намуда истодааст, ки ин аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дониши амиқу малакаи хуби кориро талаб менамояд. Аз ин рў, Вазир бо дарназардошти ин вижагӣ дар қисми сеюми китоби худ моҳирона воситаҳоеро таҳлил намудааст, ки дар фаъолияти оперативӣ истифода бурда мешаванд. Муҳимияти таҳлили ин ҷанбаи фаъолияти оперативӣ дар он аст, ки қайд карданд Вазир айни замон бо назардошти рушди технологияҳои иттилоотӣ имконияти васеи такмили фаъолияти оперативӣ дар ин самт пеш омадааст. Аз ин рў, таҳлили пешниҳоднамудаи муаллиф дар ин самт метавонад барои ташкили фаъолияти самараноки кормандони оперативӣ ва боло бурдани савияи дониши онҳо дар ин самт мусоидат намояд.

Дар ҷараёни дарси кушод Вазир ба донишҷуён ва муаллимони оиди қисми чоруми китоб гуфта гузаштанд, ки оид ба  функсияҳои назоратӣ ва назоратбарии мақомоти давлатӣ ва маблағгузории фаъолияти соҳаи мазкурро таҳлил намудааст  ва инчунин намунаи ҳуҷҷатҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣро низ пешниҳоди хонанда намудааст, ки аз манфиат холӣ набуда, дар ҳолатҳои зарурӣ кормандони оперативӣ аз он метавонанд истифода баранд.

Албатта дар хусуси ҳамкориҳои доимии ВКД ҶТ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Вазири корҳои дохилӣ қайд карданд, ки имрӯзҳо донишҷуёни ин Донишгоҳ пайваста дар нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва баланд бардоштани манавиёти шаҳрвандон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе  саҳми  арзанда гузошта истоданд ва изҳор карданд, ки ин хамкориҳои дуҷониба дар оянда низ густариш ёфта боиси пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад гардид.

 Мушовири калони Вазир:                             Бухориев М.Ғ.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика