Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи муқовимат бо коррупсия

Иштирокчиёни конференсия ба ҳайси модератор  муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм полковники милитсия Солиев Каримҷон Ҳоҷиевичро интихоб намуданд.

Дар ҷараёни конференсия маърӯзачиён-профессорони кафедраи ташкили идоракунии факултети №1-и Академияи ВКД: Шарипов Тақдиршо Шарипович дар мавзӯи «Имплементатсияи меъёрҳои Конвенсияи зидди коррупсия дар қонунгузории ҷиноятии Тоҷикистон: проблемаҳо ва мулоҳиза», Иброҳимов Солеҳҷон Иброҳимович дар мавзӯи «Оид ба масоили омилҳои коррупсионӣ дар идораҳои давлатии Тоҷикистон», Умаров Хайём Амиршоевич дар мавзӯи «Баъзе масоили муқовимати коррупсионӣ», Судяи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Мирзоҳомидзода Диловар дар мавзӯи «Ҷараёни амалигардонии сиёсати давлатии Тоҷикистон дар муқовимат бо коррупсия», дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии ДМТ Сафаров Анвар Исломович дар мавзӯи «Ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ» ва дигар иштирокдорон баромад карданд.

Дар идомаи конференисия миёни ширкаткунандагон мубоҳисаҳои илмӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ сурат гирифта, олимон ва мутахассисони соҳа  атрофи чунин зуҳуроти номатлуб фикру андешаҳои худро пешниҳод намуданд.

Дар хотимаи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар муқовимат бо коррупсия» доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Зоиров Ҷурахон Маҷидович ба ҳозирин барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуда, қайд кард, ки нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар мубориза бо коррупсия назаррас буда, танҳо дар ҳамбастагию якҷоягӣ метавон бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурд.

 Маҳбуба Гулова, Рухшона Шукурова.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика