Мақомоти корҳои дохилӣ, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷомеа, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун ва коллективҳои меҳнатӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ба ӯҳдаи онҳо вогузор шудааст, дар сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон яке аз ҷойҳои марказиро ишғол менамоянд.
Аз ин рӯ ба чоп расидани китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» нашри дуюм аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро боз як дастоварди илмӣ дар ин соҳа ба шумор рафта, чӣ барои донишҷӯён ва чӣ барои кормандони оперативӣ дастурамали хуби корӣ ба ҳисоб меравад.
Қайд намудан зарур аст, ки муаллиф дар нашри қаблии китоби дарсӣ оид ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳама паҳлуҳои масъалаи мазкурро дақиқ таҳлил намуда бошад ҳам, тағйироти ҳамарӯзае, ки дар самти қонунгузорӣ дар кишвар ба амал омада истодаанд, тақозо менамоянд, ки фаъолияти ҳамарӯзаи кормандони мақомоти қудратӣ маҳз дар асоси қонунгузорӣ амалӣ карда шавад. Махсусан масъалаи ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрванд ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар нашри дуюми китоб пурра дарҷ гаштаанд.
Масъалаи мазкур дар нашри дуюм пурра ба инобат гирифта шуда, муаллиф кӯшиш намудааст, ки тағйиру иловаҳои ба қонунҳои амалкунанда воридкардашуда дар баррасӣ ва таҳлили масоили гуногуни фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ истифода бурда шаванд.
Китоби мазкур аз чор қисми таркибӣ иборат буда, аз нигоҳи услубӣ ва мантиқӣ дар дараҷаи хуби илмию таълимӣ таҳия гардидааст.
Мантиқи омӯзиши ҳамагуна илм тақозо менамояд, ки пеш аз ҳама, аҳамият ва муҳимияти омӯзиши он асоснок карда шуда, вазифа ва принсипҳои он муайян карда шаванд. Аз ин рӯ, муаллиф бо риояи ин қоидаи муҳими таҳқиқоти илмӣ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, онро чуқуру ҳаматарафа таҳлилу асоснок намудааст.
Таҳлили манбаҳои таърихии фаъолияти оперативӣ-ҷустҷӯӣ, разведкавӣ ва зиддиразведкавӣ, инчунин таърихи ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустҷӯӣ дар Тоҷикистон имконияти васеи омӯзиши масъаларо барои хонандагон фароҳам оварда, доираи дониши онҳоро оид ба масъалаи мазкур васеъ менамояд.
Дар баробари ин муаллиф кўшиш намудааст, ки асосҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва субъектони фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро ҳаматарафа таҳлил карда, ҳар як мафҳуми дар ин самт истифодашавандаро соддаю фаҳмо ба риштаи таҳқиқ кашидааст.
Таҳлили самтҳои муҳимтарини фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, омӯзиши намудҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ дар дастури мазкур ба кормандони дар ин самт фаъолияткунанда, имконият медиҳад, ки оид ба масъалаҳои мазкур дониши ҳаматарафа азхуд кунанд.
Маълум аст, ки сол то сол ҷинояту ҷинояткорӣ ба худ хусусияти хос касб намуда истодааст, ки ин аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дониши амиқу малакаи хуби кориро талаб менамояд.
Чуноне, ки Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи милитсия қайд намуда буд, «Таҳлили таҷрибаи баъзе давлатҳои минтақа ва ҷаҳон нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои муайяни ифротгаро барои дар байни сокинони мамлакат, махсусан ҷавонону наврасон паҳн намудани ғояҳои зӯроварӣ ва террористиву экстремистӣ аз имкониятҳои шабакаи иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла интернет васеъ истифода менамоянд. Дар бисёр мавридҳо шабакаи интернет натанҳо чун воситаи алоқа, балки ҳамчун воситаи ҳамоҳангсозии амалҳои экстремистӣ ва террористӣ низ истифода мешавад». Бо назардошти гуфтаҳои боло таҳлили усулҳои истифодабарии воситаҳои техникӣ дар ҷараёни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби Раҳимзода Р.Ҳ. роҳнамои хуби корӣ барои кормандони соҳа баҳисоб меравад.
Аз ин рӯ, муаллиф бо дарназардошти ин вижагӣ дар қисми сеюми китоби худ моҳирона воситаҳоеро таҳлил намудааст, ки дар фаъолияти оперативӣ истифода бурда мешаванд. Ҳамчунин қайд бояд кард, ки ин воситаҳо усулҳои хоси истифодабарии худро дошта, аз корманд дониши амиқи ҳуқуқиро тақозо менамоянд. Бо назардошти ин нуқта, муаллиф кӯшиш намудааст, ки қисми мазкурро дақиқу ҳаматарафа таҳлил намуда, ба хонандагон пешниҳод намояд ва ӯ дар ин кӯшиши худ муваффақ гаштааст. Муҳимияти таҳлили ин ҷанбаи фаъолияти оперативӣ дар он аст, ки айни замон бо назардошти рушди технологияҳои иттилоотӣ имконияти васеи такмили фаъолияти оперативӣ дар ин самт пеш омадааст. Аз ин рӯ, таҳлили пешниҳоднамудаи муаллиф метавонад дар ин самт барои ташкили фаъолияти самараноки кормандони оперативӣ ва боло бурдани савияи дониши онҳо мусоидат намояд. Ин ҳолат собит месозад, ки муаллиф нозукиҳои ин масъаларо хеле хуб ва дар сатҳи касбӣ медонад.
Дар қисми чоруми китоби мазкур функсияҳои назоратӣ ва назоратбарии мақомоти давлатӣ ва маблағгузории фаъолияти соҳаи мазкурро таҳлил намуда, муаллиф дар баробари муайян намудани мақомоти назоратӣ, инчунин намунаи ҳуҷҷатҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро низ пешниҳоди хонанда намудааст, ки аз манфиат холӣ набуда, дар ҳолатҳои зарурӣ аз он метавонад истифода барад. Номгӯи санадҳои замимагардида ва интихоби онҳо нишонаи дарки хуби илмӣ ва малакаи мукаммали корӣ доштани муаллифро нишон медиҳад.
Лозим ба ёдоварист, ки дастури таълимии мазкур натиҷаи фаъолияти 12 солаи муаллиф дар ин самт буда, маҳз бо дарназардошти мушкилоту муаммоҳое, ки дар фаъолияти амалӣ пеш меомаданд, таҳия гаштааст. Масъалагузориҳо дақиқу моҳирона буда, таҳлили онҳо ва пешниҳодҳои муаллиф аҳамияти муҳим доранд. Инчунин кӯшиши муаллиф ҷиҳати бо забони давлатӣ таҳия намудани дастури мазкур боиси таҳсин буда, забони ифодаи фикр содда ва равон аст, ки шавқи хонандаро баҳри омӯзиши пурраи он бедор менамояд. Инчунин маҳз оммафаҳм будани он метавонад барои истифодааш аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат намояд. Аз ин пеш кормандони самти оперативӣ аз адабиётҳои даврони шуравӣ истифода мебурданд. Баъди истиқлолияти комил ба даст овардан аз ҷониби олимони соҳаи ҳуқуқ адабиётҳои зиёде ба чоп расида бошанд, ҳам лекин ин адабиётҳо нозукиҳои самти оперативиро дар бар намегирифтанд. Аз ҳамин сабаб ҳам дар баррасии парвандаҳо дар тафтишоти пешакӣ ва мақомоти судӣ бисёр нофаҳмиҳоро пеш меоварданд. Масалан, дар самти гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, дар ҷараёни тафтиши пешакӣ ва баррасии парвандаҳо дар суд нофаҳмиҳоро бо пеш меовард. Бо чунин тарзи содда, фаҳмо ва мутобиқ ба Қонунҳои амалкунанда таҳлил намудани масъала яке аз дастовардҳои муаллиф ба ҳисоб меравад. Дар ин радиф қайд намудан зарур аст, ки муаллиф ҳамчун шахси ваколатдори дар соҳаи мазкур фаъолияткунанда ҳар як мушкилоте, ки дар ин самт пеш меомад, ҳаматарафа таҳлил намуда, борҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмили қонунгузории соҳа таклифҳо пешниҳод намудааст, ки аксарияти кулли онҳо мавриди қабул қарор гирифта, ҳамчун меъёри ҳуқуқӣ имрӯз дар раванди татбиқи фаъолияти кормандони ин соҳа васеъ ва самаранок истифода бурда мешаванд.
Истифодаи васеи адабиёти илмӣ, таълимӣ, таҳлилӣ ва омории олимони шинохтаи ватанӣ ва хориҷаи дуру наздик аз он далолат мекунанд, ки муаллиф таҷрибаи назариявӣ ва амалии дохилаю берунаро ҳаматарафа омӯхта, баррасӣ ва таҳлил намуда, фикри мустақили худро асосноку муътамад иброз намудааст.
Хулоса, китоби дарсии мазкур дастури хуби таълимӣ буда, аҳамияти илмию амалии муҳим дошта, роҳнамои хуб барои кормандони соҳаи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, муфаттишон, донишҷӯёну аспирантон ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда метавонад.
Бухориев М.Ғ., мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>