Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалӣ ба муносибати Рӯзи илми тоҷик

65

Бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир карда шуд.66
Чорабинии мазкур бо ташаббуси ҳайати олимону професорони Факултети №4 Академияи ВКД дар ҳамоҳанги бо Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо ҷалби олимон ва тадқиқотчиёни соҳаҳои гуногуни илм аз донишгоҳу донишкадаҳои муқими вилоят дар мавзӯи «Илми тоҷик - имрӯз ва фардои он» баргузор гашт.
67Нахуст муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Мирзумуродзода Рустам Тағоймурод ба кори конфронс ифтитоҳ бахшида, перомуни илм ва мақеъи он дар рушди низоми давлатдорӣ, фарҳангу маънавиёт, муносибатҳои ҷамъиятӣ, пешрафту тараққиёт, иқтисодиёт, саноат ва дигар самтҳои хоҷагии халқ сухан кард. Гуфта шуд, ки меҳвари асосии рушди ҳар як ҷомеа аз дастовардҳои илм, тадқиқотҳои исботшудаи илмӣ ва табақаи зиёии кишвар сарчашма мегирад. Маҳз олимону аҳли зиё ҳамчун чароғи ҳидоят ба ҳаёти ҷомеа равшанӣ бахшида, ҷомеаро бо истифода аз донишҳои назариявию амалии илмӣ ё навгониҳо ба сӯйи ояндаи дурахшон роҳнамоӣ мекунанд.68
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббусҳои илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илми тоҷик пурмасъул ва олимон бо кашфиётҳои илмии худ парчамбардори Ватан мебошанд. Пешвои миллат дар Паёмҳои ҳамасолаи худ ба равнақ бахшидани фарҳангу маънавиёти ҷомеаи Тоҷикистон ва илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда дар назди мақомотҳои дахлдори давлатӣ вазифагузорӣ мекунанд. Ташкили озмунҳо дар сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, конфронсу семинарҳо тасдиқи мантиқии ин гуфтаҳост.
69Дар конфронс олимону пажуҳишгарони муассисаҳои олии таълимӣ аз факултети №4 Академияи ВКД, Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишкадаи политехникии донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иштирок ва бо маърузаҳои илмӣ баромад намуданд. Конфронс таҳти роҳбаладии сардори факултети №4 Академияи ВКД номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Меҳриддин Ғафурӣ ҷараён гирифта, ҷиҳати иштирок кормандони амалии мақомот ва курсантони фаъоли Академияи ВКД низ ҷалб гардиданд. То ин ки аз дастовардҳои илмии олимон бохабар гашта,маънавиёти худро ғанӣ созанд.
Соҳаҳои мухталифи илми тоҷик ба монанди ҳуқуқшиносӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва адабиётшиносӣ дар баромади маърузачиён матраҳ гардид. Дар маҷмуъ 7 маърӯзаи илмӣ ба самъи иштирокчиён расонида шуда мавриди баҳсу муҳокимаронӣ қарор гирифт. Кумитаи тадорукоти конференсияи илмӣ-амалӣ Факултети №4 Академияи ВКД бештар ба соҳаи илми ҳуқуқшиносӣ таваҷҷуҳ намуда олимони дар ин самт фаъолиятбаранда вобаста ба тадқиқотҳои анҷом дода дар низоми соҳаи ҳуқуқшиносӣ баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар хотима бори дигар аҳли илмро роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба ҷашни касбии олимони тоҷик табрик намуда, барои саҳм гузоштан дар рушду тараққиёти илми тоҷик ҳамаи маърузачиён бо Сипосномаи сардори Раёсат қадршиносӣ шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки маърӯзҳои илмӣ-тадқиқотии дар чорабинии илмӣ муҳокима гардида ва боз якчанд маърӯзаҳои пешниҳод шуда дар шакли маҷмӯа чоп карда хоҳад шуд.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика