22-юми сентябри соли 2022, дар шаҳри Красноярски Федератсияи Россия семинари байналмилалӣ дар мавзӯи “Бо даъвати дил, ба манфиати Ватан» («По зову сердца, во благо Отечества»), ки ба 60-солагии Донишкадаи ҳуқуқшиносии Сибирии ВКД Россия бахшида шуда буд, баргузор гардид.
Дар он намояндаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини аввали сардор, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло бо сухани табрикотӣ ба таври маҷозӣ (онлайн) баромад намуд. П.А. Насуриён ҳайати шахсии Донишкада, курсантон ва шунавандагонро аз номи роҳбарият ва тамоми ҳайати шахсии Академияи ВКД бо ин ҷашни муборак табрик карда, қайд намуд, ки ба шарофати мақсаднокӣ, қувваи бузурги бунёдкорона, ҷустуҷӯи эҷодӣ, маҳорати баланди касбӣ, эҳтиёткорона нигоҳ доштани анъанаҳои муқарраршудаи коллективи Донишкада, кормандон ва профессорону омӯзгорони ин даргоҳ дар иҷрои нақшаҳо ва идеяҳо ҳамеша муваффақият ба даст меоваранд.
Иқтидори баланди зеҳнии омӯзгорон ва мутахассисон ба Донишакадаи ҳуқуқшиносии Сибир имконият медиҳад, ки дар мустаҳкам намудани потенсиали тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, инкишофи илм ва тарбияи наслҳои нави кормандони касбии мақомоти корҳои дохилӣ фаъолона иштирок намояд. Дар хотима, П.А.Насуриён ба устодону курсантон муваффақият, азму ирода ва эҳтиром, ҳамфикрӣ ва барори кор, комёбиҳои меҳнатӣ, имкониятҳои ҳайратангез, саломатӣ ва табъи хуш таманно кард.
Инчунин, дар семинар намояндагони СПАД (ОДКБ), муассисаҳои таълимии олии ВКД Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Муғулистон, профессорону омӯзгорон, шунавандагон ва курсантони Донишкадаи ҳуқуқшиносии Сибирии ВКД Россия иштирок намуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>