Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назария: ва амалияи тадбиқи он»

1153

Бо мақсади амалӣ намудани банди 35 фасли 3 Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5-уми ноябри соли 2020 аз ҷониби кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалии академиявӣ дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва амалияи тадбиқи он» баргузор гардид. 

Дар чорабинии мазкур на танҳо ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантони Академияи номбурда, балки кормандони дигар ҷузъу томҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
Қисмати аввали чорабинӣ бо сухани табрикотии сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ба ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантони Академияи номбурда оғоз гардид.
Ҳангоми баромади худ сардори Академия – Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ иброз дошт, ки қабул намудани Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихӣ ва дастоварди бузурги халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон номбурда аз хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар раванди омода ва қабули Конститутсияи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ, беназир мебошанд, ёдовар шуданд. Зикр гардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина ба ҳадафи асосии худ – бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд ноил гардида истодаанд. Эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи мамлакат вазифаи ҳар як шахс буда, мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли наврас, тарғибу ташвиқи ватандӯстӣ ва ҷавонмардӣ бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти Конститутсияро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем.
Сипас сухани навбатӣ ба меҳмонони чорабинӣ - Вакилони Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе Мирзораҳим Толиб ва Сафиаллоҳи Субҳон дода шуд, ки онҳо низ ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантони Академияро ба ин рӯзи таърихӣ табрик намуда, дарҷ намуданд, ки яке аз аҳамияти таърихии Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки он барои таъмини сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон заминаи асосиро гузошт.

1156

Қисмати дуюми чорабинии мазкур зери роҳбарии муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ идома намуд. Номбурда аз суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, зикр намуд, ки «Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд».
Сипас, Саидзода Зикрулло Алӣ дар мавзӯи «Масъулияти ҳуқуқӣ аз нигоҳи Конститутсия» баромад намуда, ҷанбаҳои гуногуни онро мавриди таҳлил қарор дод. Ғайр аз ин, омӯзгорон ва курсантони зерини Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои гуногун баромад намуданд:
Заробидинзода Сулаймон Заробидин – сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, майории милитсия дар мавзӯи «Хусусиятҳои маҳдуд кардани ҳуқуқҳои сиёсӣ дар қонунгузории Тоҷикистон ва Россия»;
Хайруллоев Фаррух Сайфуллоевич – дотсенти кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ дар мавзӯи «Ҳуқуқи конститутсионии бекор намудани ақди никох: проблемахои назария ва амалия»;
Юсуфзода Акмал Ҳотам – ёвари сардори РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия дар мавзӯи «Нақши Конститутсия дар раванди такмили давлатдорӣ»;
Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич – ходими калони илмии ШТИ ва ТН Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия дар мавзӯи «Ҷанбаҳои сиёсии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
Қодирзода Ғолибшо Нурулло – муаллими калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари ҳуқуқҳои фитрии инсон ва шаҳрванд»;
Фахридинзода Ҳамза Саидумар – муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия дар мавзӯи «Шаклҳои таҷассуми соҳибихтиёрии халқ мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
Ҷалолзода Сорбон Ислом – муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия дар мавзӯи «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия – асоси рушди мукаммалнамои он»;
Нурализода Шерали Нурали – муаллими кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия дар мавзӯи «Давраҳои инкишофи Конститутсия дар Тоҷикистон»;
Абдураҳмонзода Абдураҳим Абдураҳмон – муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – бахтномаи миллати тоҷик»;
Маҳинаи Нуралӣ – муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия дар мавзӯи «Вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
Пулатова Фаридабону Юлдошевна – муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия дар мавзӯи «Тартиби тағйири Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
Абдуҷаборзода Мавҷуда Абдуҷабор - муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия дар мавзӯи «Конститутсия асоси таъмини сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ»;
Мирзоев Мирзоавлиё Мирзоаҳмадович – муаллим – ҳамкори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Таҳкими Конститутсия дар рушди давлати ҳуқуқбунёд»;
Содиқӣ Сипеҳр Муҳаммадҷонзода - курсанти курси 2, гурӯҳи таълимии 210, факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ дар мавзӯи «Нақши Конститутсия дар таҳкими ҷомеаи демократӣ»;
Холиқов Бахтиёр - курсанти курси 2, гурӯҳи таълимии 208, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ дар мавзӯи «Қонун бақои миллат аст (қироати шеър)».
Ҳамин тариқ, ҳангоми ҷамъбастӣ чорабинӣ Саидзода Зикрулло Алӣ иброз намуд, ки умедворам ин семинар ба ҳамагон аз нуқтаи назари илмӣ ва аз ҷиҳати маънавӣ самарабахш ва фоиданок буд. Воқеан, ақида ва пешниҳодҳои баромадкунандагон вобаста ба проблемаҳои мавҷуда саривақтӣ ва аҳамиятнок мебошанд.
Бо ҳамин, кори семинари илмӣ-амалии академиявӣ дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва амалияи тадбиқи он» ба анҷом расид.
Заробидинзода С.З., сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

30.06

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика