Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории мизи мудаввар бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

240Рӯзи 14-уми ноябри соли 2019 дар Академияи ВКД бо ибтикори Ҷамъияти илмии «Дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ»-и кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2, бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар дар мавзӯи «Садоқат ба Президент - садоқат ба Ватан», баргузор гардид. 

Мизи мудавварро бо сухани муқаддимавӣ ходими илмии шуъбаи ташкили илмӣ ва таъбу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия Одинаев Ш. ифтитоҳ намуда, бо ин Рӯзи муҳими таърихӣ ҳозиринро табрик намуд.
Дар кори мизи мудаввар омӯзгорон ва курсантон фаъолона ширкат намуда, дар мавзӯъҳои мухталифи илмӣ атрофи ҳаёт ва фаъолияти ҷамъиятиву сиёсии Пешвои муаззами миллат, маърӯзаҳо намуданд. Бояд қайд намуд, ки хусусияти хоси ҷамъомади мазкур аз он иборат буд, ки курсантони аъзои ҷамъияти илмии кафедра аз эҷодиёти хеш ҳамчун шоирони навқалам атрофи фаъолият ва талошҳои Пешвои миллат шеърҳо эҷод намудаанд, аз ҷумла: инъикоси фаъолияти ҷамъиятиву сиёсии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ашъори шоири навқалам, курсанти курси 5-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ Зардаков Довуд, Холиқов Бахтиёр - курсанти курси 1-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат», қироати шеър дар васфи Пешвои миллат, иҷрокунандагон: аъзоёни ҷамъияти илмии курсантони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ.
Ҳамзамон, дар кори мизи мудаввар ҷамъбасти озмуни «Реферати беҳтарин», ки аз ҷониби аъзоёни Ҷамъияти илмии курсантони «Дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ», дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллӣ» пешниҳод гардида буданд, аз ҷониби ҳайати омӯзгорон сурат гирифта, ғолибони озмун муайян гардиданд.
Дар анҷоми мизи мудаввар, сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, полковники милитсия Бойзода Ҷ.Ҷ суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки мақоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтани давлати миллии тоҷикон басо бузург аст. Аз ин рӯ ин санаи таърихӣ ҳар сол дар кишвари азизамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар сатҳи давлатӣ ботантана таҷлил мегардад.
Асламов Б.С., Самиъзода Б.С., Сафарова С.Н.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика