Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ ва конфронси илмӣ бахшида ба 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

106

107Рӯзи 31-уми октябри соли равон бо ташаббуси кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 ва Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр дар толори маҷлисгоҳ конференсияи илмӣ- назарявии ҷумҳуриявӣ дар мавзȳи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва рушди давлатдории миллӣ» бахшида ба 25-солагии рȳзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конференсияи мазкур олимон, мутахассисон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат намуданд. Кори конференсияро муовини сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ оғоз намуда, иброз дошт, ки нақши Конститутсия дар таҳкими давлатдории миллӣ хеле бузург буда, маҳз бо иқдоми Пешвои миллат ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои он ҳифз гардидааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон яке аз Конститутсияҳои бехтарин шуморида мешавад. Сипас судяи суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оймаҳмадзода Маҳмадҷон дар мавзȳи «Танзими Конститусионӣ ва амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд», муовини сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии коррупсионии Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулӣ Барот дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷачсумгари ҳуқуқи инсон», сардори шуъбаи ШТИ ва ТН Мансурзода Амиршоҳ Мансур дар мавзȳи «Амалигардонии меъёрҳои Конститусия - асоси рушди устувор», ёвари сардори РМЗҶМ ВКД Юсуфзода Акмал Ҳотам дар мавзȳи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - таҷассумгари иродаи халқ» ва дигарон дар мавзȳъҳои муҳими ҳуқуқи Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмӣ баромад карданд.
Дар охири конференсия тавсияҳои муфиди илмӣ оиди такмилӣ меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ қабул гардиданд.
Дар қисми дуюми чорабинӣ консерти идона бахшида ба 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Корманд-ҳаваскорон ва курсантони Академияи ВКД пешниҳод гардид, ки таҷассумгари озодии Истиқлолият ва арзишҳои миллӣ буд.

108

Чорабинии мазкур дар Академияи ВКД дар сатҳи баланд баргузор гардида, аз руҳияи ватандустӣ ва хештаншиносии ҳайати шахсӣ ва иштирокчиёни он дарак дод.
Асламов Б., Убайдуллоев Ш., Сафарова С.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика