Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти шиддати таҳдидҳои афзояндаи терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босубот мавқеъ ва сиёсати башардӯстонаи худро муайян ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Ҷиҳати амалӣ намудани ин мақсаду маром ва самти сиёсати давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2003 зимни суханронии худ дар Иҷлосияи 58-уми Ассамблеяи Генералии СММ таъкид доштанд, ки «Мамлакати мо дар давоми 10 сол дар роҳи паҳн нашудани терроризм дар Осиёи Марказӣ ва мамлакатҳои дигар як навъ нақши «минтақаи мобайнӣ»-ро бозид ва мо бо ин проблема бевосита шинос мебошем. Маҳз барои ҳамин Тоҷикистон дар ҳамаи кӯшишҳо ва тадбирҳои решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб фаъолона иштирок менамояд. Мо ҳамаи шаклҳои терроризмро бо ҳар воситае, ки зӯроварӣ ва воҳимаандозӣ нисбати одамони бегуноҳ ҳақ бароварда нашаванд, қатъан маҳкум карда, ба муқобили онҳо мубориза хоҳем бурд».
Бо ин мақсад, ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба терроризм ва манбаъҳои пулию молии он, инчунин қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ҳамчун манбаи маблағгузории терроризм силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуданд.
Аз ин хотир, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, алалхусус кормандони мақомоти дахлдори давлатӣ ва дар ин замина ташкили самараноки татбиқи талаботи қонунгузорӣ дар амал ва муқовимат бар зидди терроризм ва ҳамзамон дастрасӣ доштан ба матнҳои пурраи санадҳои дахлдори соҳавӣ аз ҷониби Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори ҳамоҳангсози фаъолияти ҷузъу томҳои мақомот дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккил дастурҳои амалӣ-методӣ зери таҳрири Вазири корҳои дохилӣ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. аз нашр бароварда шуда, ба ҷузъу томҳои мақомот, дастрас карда шуданд.
Муаллифон:
Ҳафиззода Шодӣ Хуршед – сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия;
Солиев К.Ҳ. – сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия;
Сафаров Ҳ.С. – сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия;
Юсуфзода А.Ҳ. – ёрдамчии сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия;
Мансурзода А.М. – сардори шуъбаи табъу нашр ва илми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия;
Воситаи таълимӣ-амалии мазкур ҷанбаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро аз ҷониби Шӯрои амнияти СММ, Гурӯҳи таҳияи чораҳои молиявӣ (ФАТФ), Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳамкории мақомоти корҳои дохилиро бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин самт дар бар мегирад.
Воситаи мазкур дар ташкили муқовимат ба маблағгузории фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ дастоварди назаррас буда, барои роҳнамоӣ дар ошкор сохтани даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони оперативӣ, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва дигар шахсони манфиатдор тавсия карда мешавад.
Мураттибон:
Ҳафиззода Шодӣ Хуршед – сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия;
Юсуфзода Акмал Ҳотам – ёрдамчии сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия.
Маҷмӯаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо назардошти ҳолати қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2019 бо ҷамъоварии матни пурра ва иқтибос аз баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқии бевосита ва ё бавосита алоқаманд ба самти мазкур омода карда шуда, барои истифода ба доираи васеи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пеш аз ҳама корҳои дохилӣ ва дигар субъектони ваколатдор дар ин самт, инчунин устодону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва дигар шахсони манфиатдор тавсия карда мешавад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>