Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Он-лайн конференсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ

211

Иштирок намудани мутахассисон дар он-лайн конференсияҳои байналмилалӣ барои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чун анъана гардида, қайд намудан ба маврид мебошад, ки нахустин бор чунин таҷриба 5 апрели соли 2018 пайдо шуд ва аз он вақт профессорону омӯзгорони Академияи ВКД дар чунин чорабиниҳо фаъолона иштирок менамоянд.
Чунончи, дар ҷодаи ҳамкориҳои дуҷониба ва мувофиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ байни Донишкадаи Сибири ВКД Россия дар шаҳри Красноярск ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 4-уми апрели соли ҷорӣ мутахассисони Академияи ВКД дар он-лайн конференсияи XXII-юми илмӣ-амалии байналмилалии «Масоили мубрами мубориза бо ҷинояткорӣ: масъалаҳои назария ва амалия» (Актуальные проблемы борьбы с преступностью: вопросы теории и практики), ки дар ш.Красноярск баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар он-лайн конференсия ёрдамчии сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсенти кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД, подполковники милитсия Юсуфзода А.Ҳ. бо маърӯза дар мавзӯи «Баъзе масъалаҳои баланд бардоштани мубориза бо терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)» (Некоторые пути повышения борьбы с терроризмом и экстремизмом)) ва сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Сафарзода Ҳ.С. бо маърӯза дар мавзӯи «Хусусиятҳои мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ» (Особенности борьбы с международным терроризмом) баромад намуданд.

212

Баъд аз анҷоми маърӯзаҳо аз тарафи олимони Донишкадаи Сибири ВКД Россия дар шаҳри Красноярск ба маърӯзачиён оид ба мафҳуми «терроризми байналмилалӣ» ва хусусиятҳои мубориза ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо пешниҳод гардиданд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика