Академияи ВКД дар омода ва соҳибкасб кардани ҳазорон нафар кормандони соҳаи милитсия ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ саҳми намоён дорад. Имрӯз шароити таҳсил ва аз худ кардани фанҳои муосири ҷамъиятӣ дар ин даргоҳи илму маърифат ба талабот пурра ҷавобгӯ мебошад ва аз ҷониби роҳбарияти ВКД ба кадрҳои ҷавон диққати махсус зоҳир мегардад.
Бо максади мустаҳкам гардонидани дониши назариявию амалии курсантони соли аввал, рӯзи 28-уми марти соли 2019 дар Академияи ВКД вохӯрии судманд доир гардид. Дар чорабинӣ сардори факултети рақами 2 номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Ализода А.Ш., сардори факултети рақами 3 номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Амриддиноза М.А., шунавандагони курси дуюми шуъбаи ғоибона ва курсантони соли аввал иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки вохӯрии мазкур баҳри аз худ намудани таҷриба барои ояндаи курсантони соли аввал мусоидат менамояд. Курсантон вобаста ба тарзи ҳуҷатгузорӣ намудан, пеш бурдани корҳои тафтишотӣ ва ҷамъоварии маълумотҳои оперативӣ аз шаҳрвандон, робитаву ҳамкории мақомоти милитсия бо дигар сохторҳои қудратӣ ва дигар самтҳои фаъолияти милитсия аз шунавандагон, ки дар як вақт кормандони амалияи ВКД мебошанд, саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас барои худ пайдо намуданд.
Сӯҳбати кормандони амалия бо курсантон ошкоро ва самимӣ доир гардида, ҳамчунин аз курсантони соли аввал даъват ба амал оварда шуд, ки барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии қонуншиканӣ ва волоияти қонун фаъолияти худро хуб ба роҳ монанд.
Мақсади гузаронидани чунин чорабиниҳо ин баланд бардоштани сатҳи дониши амалии курсантон мебошад. Зеро вақте ки курсант аз фаъоляти амалии кормандони милитсия ба хубӣ огаҳ мегардад, ба фаъолияти минбаъдааш таҷриба гардида, ба он заминаи хуби корӣ фароҳам меоварад.
Эҳсон Абдуллозода
Абдулло Шоҳиён
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>