Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омӯзиши курси «Мактаби шуҷоат» дар Академияи ВКД

15

Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеояд, аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. нақшаи курси омӯзиши «Мактаби шуҷоат»-и ВКД барои ҷавонони фаъоли кишвар ба имзо расид. Доир ба иҷрои бандҳои алоҳидаи нақшаи мазкур, санаи 19 феврали соли равон дар Академияи ВКД вохӯрӣ бо фаъолони гурӯҳи “Авангард” ва курсантони Академияи ВКД доир гардид.

16

17Бояд қайд намуд, ки дар вохӯрии мазкур сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, полковники милитсия Фаттозода А.А. ва сардори шуъбаи тайёрӣ-таълимии курсҳои Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД, полковники милитсия Тавурзода А. иштирок ва бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Зимни баромад аз дастовардҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ташкили корҳои тарбиявӣ, ғамхориҳои бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар таҳкими заминаи моддиву маишии тамоми ҷузъу томҳои ВКД суҳбатҳои муфид анҷом дода шуд.
Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ оғоз бахшида, оид ба ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалиӣ Раҳмон нисбати насли ҷавон ибрози андеша намуд.
Мавсуф зикр кард, ки «Рӯз то рӯз шароити таҳсил дар Академияи ВКД беҳтар шуда истодааст. Аз ҷумла, бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Академия бо тамоми шароитҳо муҷаҳҳаз ва ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта ба истифода дода шуд, ки моро водор месозад, то тамоми саъю кӯшиши худро ба хизмати софдилона равона намоем”.
Сипас дар фазои озод гуфтугӯи рӯбарӯи курсантон ва фаъолони гурӯҳи “Авангард” бо сардори Академияи ВКД, сардори ХПҲНҶ ВКД ва сардори шуъбаи тайёрӣ-таълимии курсҳои РК ва КҲШ баргузор гардид.

18

Дар анҷоми вохӯрии мазкур сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, аз ҳозирин барои ширкати фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамагонро бахшида ба фарорасии 26-умин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо сулҳу оромӣ ва хушбахтиву иқболи нек таманно намуд.
Убайдуллоев Ш.Э., Сафарова С.Н.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика