Бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 11-уми феврал «Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм» эълон гардида, он ҳамасола бо шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Вобаста ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявии «Саҳми занон дар рушди илм»-ро баргузор намуда, фаъолияти илмии занону бонувони кишвар, ки дар рушди илми муосири тоҷик саҳми назаррас гузошта истодаанд, маҷмӯаи мақолаҳо ва дастурҳои методиро барои донишҷӯёну доираи васеи хонандагон манзур менамояд.
Шашумин конференсияи “Саҳми занон дар рушди илм» 11-уми феврали соли 2019 бо ҷалби олимаҳои тоҷик ва созмонҳои байналмилалии кишвар фазои худро вусъат дода, тасмим гирифтааст, ки дастрасии ковишҳои илмии олимаҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намояд ва барои мақоми байналмилалӣ пайдо намудани таҳқиқи олимаҳои тоҷик мусоидат намояд.
Сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, полковники милитсия Азиза Давлатшоева иштирокчии фаъоли конференсияи зикргардида ба шумор меравад ва маротибаи шашум аст, ки мақолаҳои беҳтарини илмиро пешниҳод менамояд. Дар конференсияи имсола мавзӯи баромади полковники милитсия Давлатшоева А. «Тасвири ҳуқуқи зан дар осори ниёгон» буд, ки дар байни 52 мақолаи илмии олимаҳои тоҷик, яке аз беҳтарин мақолаҳо пазирифта шуда, муаллиф сазовори Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сертификати иштирокчии фаъоли 6-умин конференсияи «Саҳми занон дар рушди илм» гардид.
Гул Маҳбуба
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>