Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Артиши миллӣ - сипари боэътимоди Ватан

55

Ҳар кишвар дорои артиши худ аст, вале Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шуд, ки вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ ҳам дар кишвар кам буданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд. 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии ходимони ҳарбӣ ғамхории пайваста зоҳир менамояд. То солҳои 1997 ҷузъу томҳои навтаъсиси Артиши миллии мамлакат бинобар вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ дар кишвар барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу субот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаёти осоиштаи мардум ба сангарҳои оташгир сафарбар мегардиданд.
Соли 1999 аввалин машқҳои ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар гарнизони Хатлон доир карда шуд. Ба ҳамин тартиб, аз ҳамон солҳо тибқи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар дохили кишвар маҷмӯи машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, тамринҳои васеи амалиётӣ-тактикӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ бо ҷалби раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ дар ҳама гарнизонҳо ташкил ва гузаронида мешаванд. Баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳарбии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ чӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва чӣ берун аз он дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар сол тибқи нақша пайваста машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ низ гузаронида мешавад.
Қувваҳои Мусаллаҳи мо яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони Истиқлолияти давлатӣ буда, вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар назди онҳо гузошташударо вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар сарбаландона иҷро карда истодаанд. Артиши миллии Тоҷикистон бисту шаш сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишвари тозаистиқлоламон таъсис дода шуд.
Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ, ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ба бунёд ва таҷдиду азнавсозии инфрасохтор, инчунин таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори ҷиддӣ дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир шурӯъ намуд.
Артиши миллӣ бо вуҷуди надоштани заминаи моддию техникии пуриқтидор дар солҳои душвори муқовиматҳои дохилӣ таҷриба андӯхта, дарси ҷангию муҳорибавиро ҳамаҷониба омӯхт. Баъд аз андешидани тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Артиши миллӣ марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин шуд ва ба нерӯи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфт.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаву азми қавӣ ҳамаи мушкилиҳову маҳрумиятҳои дар пеши роҳ бударо бартараф карда, давра ба давра шакл гирифт ва муҷаҳҳазу мусаллаҳ гардид. Ҳоло Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи обутобёфта, ҷангдида, бошуҷоату ватандӯст ва яке аз муқаддасоти миллӣ – рукни муҳими давлатдории миллӣ дониста мешавад. Имрӯзҳо маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хеле пурқувват низ гардидааст. Мувофиқи баҳогузории коршиносони ҷаҳониву минтақавии соҳа Артиши миллии Тоҷикистон, бинобар ҷангдида ва корозмуда будан, аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа шуморида мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Ва ин албатта амали воқеист. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати пайвастаи худ қарор додаанд. Чунки ҳеҷ як давлату халқият бе Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ин қувва таъминкунандаи амнияти кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлат аст.
Бояд, ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст.
Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд.
Мо ҷавонон, ки ояндагони ин миллати пурғановат ва ин диёри биҳиштосоем, талош бар он меварзем, ки дар пешрафти Артиши миллӣ саҳми худро гузошта, ба халқу Ватани худ сарбаландонаю ҷавонмардона хизмат кунем. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи давлату миллат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванде, ки онро сарбаландона иҷро намудааст, ифтихори бузург аст. Маҳз ҷавонон бояд Ватанро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст дошта, ба савганди худ содиқ монда, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Ҳабибов Ҳокимҷон Тоҳирҷонович,
курсанти курси 4-уми факултети №5
Академияи ВКД Ҷумхурии Тоҷикистон




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика