Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи намояндагони Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ

05

Бо мақсади иҷрои нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 26 декабри соли 2018 ироа гардид, рӯзи 23-юми январи соли 2019 як гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ташриф оварда, аз раванди фаъолияти ин муассисаи олии таълимии низомӣ дидан намуданд.

Ҳадаф аз боздиди гурӯҳи корӣ, пеш аз ҳама бо мақсади ҳарчи бештар ошноӣ пайдо намудан аз раванди омода намудани мутахассисиони соҳибкасби мақомоти корҳои дохилӣ ва умуман ниёзи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад. Дар рафти боздид гурӯҳи корӣ аз раванди таълим, пешбурди корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, тарбиявӣ ва умуман шароити буду боши курсантону шунавандагони ин даргоҳи низом ва маърифат боздид ба амал оварданд.

06

Яке аз самтҳое, ки гурӯҳи корӣ ба он диққати хосса зоҳир намуданд, раванди амалигардонии такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо дар Академияи ВКД мебошад. Бинобар ин гурӯҳи корӣ бевосита аз ҷараёни таълим дар гурӯҳҳои мазкур, ки мунтазам тариқи нақшавӣ сурат мегиранд, шинос гардиданд.
Вобаста ба масъалаи омода намудани кадрҳои ҷавобгӯи талаботи имрӯзи ҷомеа дар самти мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ низ намояндагони гурӯҳи корӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз фаъолияти факултети №6-уми Академияи ВКД, ки бевосита дар ин самт муваззаф мебошад, дидан намуданд.
Бояд қайд намуд, ки Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ зодаи даврони Истиқлолияти кишвар мебошад, имрӯзҳо дорои иқтидори бузурги зеҳнӣ буда, фаъолияти рӯзмарраи он зери таваҷҷӯҳи доимии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро қарор дорад.

07

Дар анҷоми боздид намояндагони Шӯрои амнияти кишвар, ки дар ҳайати гурӯҳи корӣ ба Академияи ВКД ташриф оварда буданд, якчанд дастуру супоришҳои мушаххас баҳри боз ҳам дар сатҳи баланди касбӣ омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир дода шуданд.
Бойзода Ҷ.Ҷ., Самиъзода Б.Б., - омӯзгорони Академияи ВКД




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика