Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳфили илмӣ-фарҳангӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон

422

Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ ва ташаббуси роҳбарияти Академияи ВКД дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймумин Раҳимов маҳфили илмӣ-фарҳангӣ зери унвони «Мо ҷавонон пайрави Пешвои миллатем» баргузор гардид.

Дар қисмати илмии маҳфил сардори кафедраи «Дифоъ дар ҳолатҳои фавқулодда»-и факултети №5-уми Академияи ВКД, капитани милитсия Меҳрулло Нуруллозода дар мазвӯи «Ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоили обу энергетика» маърӯзаи илмӣ намуд.
Ӯ зикр кард, ки ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи байналмилалӣ қабул намуда, СММ солҳои 2018-2028-ро «Даҳсолаи амалиёти об барои рушди устувор» эълон намуд. Боиси ифтихор аст, ки рӯзи 16-ноябри соли ҷорӣ агрегати якуми НБО-и Роғун ба кор даромад, ки ба иқтисоди кишвар фоидаи молиявӣ расонида, истиқлолияти энергетикиро таъмин месозад.
Дар мавзӯи «Сабаб ва омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ» омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2-юми Академияи ВКД, майори милитсия Самеҳов Б.С. маърӯзаи илмӣ намуд.
Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймумин Раҳимов бо мароқи том маърӯзаҳои илмиро шунида, барои худ хулосаҳои зарурӣ бароварданд.

423

Дастаи ҳунарии Академияи ВКД таҳти роҳбарии лейтенанти милитсия Лақаев С.С. ва Сафарова С.Н. ба донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймумин Раҳимов барномаи рангини консертӣ пешкаш намуданд, ки матни сурудҳо ба Ватан, Пешвои миллат, садоқат ба диёри куҳанбунёди тоҷикон, ҳазлу мутоиба бахшида шуда буданд, ки хотири донишҷӯёну омӯзгорони Донишкадаро болида гардонид.
Дар фарҷоми маҳфили илмӣ-фарҳангӣ мушовири ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймумин Раҳимов Шарифов Мирзобоқӣ Шарифович баромад намуда, аз номи донишҷӯён ба ташкилкунандагони ин маҳфили илмӣ-фарҳангӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки мо шукргузорӣ аз неъматҳои Истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат менамоем, ки чунин як кишвари ободу зебо дорем ва бо баргузории чунин маҳфилҳо маърифати хешро баланд мебардорем.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика