Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сабақҳои амнияти стратегӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон: ҷанбаи геополитикӣ ва фарҳангии он

461

«Халқи ватандӯсту ватанпарвар ва

худшиносу сарбалади кишвари азизамон

ҳамеша дастгиру пуштибони сиёсати

давлатии Тоҷикистон мебошанд».

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон


Амнияти стратегии давлат - хусусияти босифати мушаххаси таърихӣ - фарҳангӣ буда, дар фазои муайяни геополитикӣ, мавқеи ҷуғрофӣ мавҷудият дорад. Ченакҳои асосии амнияти сратегии давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
-ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими давлатӣ;
-устувории асосҳои сохтори конситутсионии давлат;
-мавҷудияти неруи зарурии амнияти давлат аз хатарҳои дохилӣ ва берунӣ.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар Осиёи Марказӣ қарор дошта, ҳамчун кишвари меҳварӣ (хартленд) аз лиҳози геополитикӣ дар маркази рақобатҳои геосиёсӣ қарор дорад. Мавқеи мусоиди геосиёсӣ, роҳи баромад ба кишварҳои Осиё, захираҳои бои энергетикӣ, моддӣ ва нерӯи ақлонии он метавонад дар сурати аз даст додани ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи ғаразноки экспансияи иқтисодию фарҳангӣ қарор гирад.
Ба таври умумӣ амнияти стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанбаи геополитикӣ ва фарҳангӣ дорад. Тоҷикон барандаи фарҳанги ориёӣ буда, соҳиби давлати миллии демократие мебошанд, ки чунин модел камназир аст.
Доираҳои осебпазири амниятӣ дар сурати ҳифз накардани манфиатҳои миллӣ дар сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, иқтидори ҳарбӣ, нерӯи илмӣ-иттиллотӣ зуҳур карданашон мумкин аст, ки таҷрибаи талхи онро мо солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) бо ҷону тан, хисороти бузурги моддию моливяӣ аз сар гузаронидем.
Хушбахтона бо сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллат ва давлати тоҷик аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Роҳи бунёди давлати демократию дунявиро пеша намуда, бо қадамҳои устуворона ба сӯи ояндаи нек пеш меравад.
Ҳадафҳои стратегии давлат аз қабили баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озукаворӣ амалӣ гашта, барои сокинони кишвар зиндагии шоистаю арзанда муҳайё гардид. Аз рӯи ченакҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ дар шароитҳои мураккаби буҳрони молиявии ҷаҳон бо талошҳои Пешвои миллат ба давлати рӯ ба тараққӣ табдил ёфта, саноату кишоварзӣ, энергетика, илму фарҳанг рушд намуд.
Пойтахти Тоҷикистон шаҳри зебоманзари Душанбе ба рӯйхати шаҳрҳои амну суботи ҷаҳонӣ ворид гардида, макони ҷаласаҳои сатҳи байналмилалӣ гардид.
Пешниҳодҳои башардӯстонаи Пешвои миллат аз ҷониби ҷомеаи башарӣ пазируфта шуда, Наврӯз иди байналмилалӣ эълон гардид.
Тоҷикистон ва мавзеъҳои зебои он макони ҷалби сайёҳии байналмилалӣ гардид. Ба ҳамаи ин неъматҳои кишвари биҳиштосои хеш мо шукргузорӣ менамоем.
Шукри Истиқлолият, сулҳу ваҳдати миллӣ, суботи комили сиёсӣ ва сарҷамъии халқҳои сокини Тоҷикистон дар атрофи сиёсати мардумсолории Пешвои миллат.
Пояндаю ҷовидон бод Тоҷикистони соҳибистиқлол!
Асламов Б.С., Самеҳов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э. -омӯзгорони Академияи ВКД.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика