Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари доимоамалкунандаи илмӣ-амалӣ дар Академияи ВКД

657

Бо ташаббуси сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ва ҳамоҳангсозии Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ, Шуъбаи адъюнктураи Академияи мазкур дар толори Шӯрои олимон рӯзи 17-уми октябри соли 2019 семинари доимоамалкунандаи илмӣ-амалӣ доир гардид.

Кори семинарро муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, н.и.ҳ., полковники милитсия Саидзода З.А. кушода, барои пешбурди кори он аз номи сардори Академияи ВКД ба иштирокчиён бурдбориҳо таманно намуд.
Ҳамчунин полковники милитсия Саидзода З.А. иброз намуд, ки бо кушодашавии бинои нави таълимии Академияи ВКД ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ибтидо аз моҳи августи соли 2017 раванди корҳои илмӣ дар Академияи мазкур равнақи тоза гирифта, даҳҳо конференсия, онлайн-конференсияҳо, нишастҳои илмии сатҳи байналмилалӣ дар мавзӯъҳои гуногун баргузор гардиданд, ки дар кори онҳо бевосита Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ширкат ва маърӯзаҳои илмӣ намуд, ки ин боиси ифтихори ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД аст. Чандин нашрияҳои илмӣ, аз ҷумла «Осори Академия», маҷмӯаи мақолахои илмии конференсияҳо, дастуру китобҳо, барномаҳои таълимӣ ба табъ расонида шуданд, вале бо тақозои пешрафти илми муосир Академия низ бояд ҳамқадами он бошад, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мукаммал гарданд, то ин, ки олимону омӯзгорони Академия тавонанд худро берун аз ҷумҳурӣ низ муррифӣ намоянд.

658

Сипас, полковники милитсия Саидзода З.А. риштаи суханро ба сардори шӯъбаи ташкилӣ-илмӣ, н.и.ҳ., подполковники милитсия Мансурзода А.М. дод.
Мансурзода А.М. дар мавзӯи «Баррасии самтҳои мубрами фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД» маърӯза намуд. Маърӯзаи Мансурзода А.М. миёни иштирокчиёни семинар мавриди саволу ҷавоб, баҳсу мунозираҳои илмӣ гардид, ки дар он сардори факултети№1, н.и.ҳ. полковники милитсия Нозиров Н.А., сардори факултети №5, н.и.педагогӣ, полковники милитсия Ҳайдарзода Ш., сардори кафедраи Ташкили идоракунии факултети №1, н.и.т., майори милитсия Алимардонов М., сардори кафедраи забонҳо, н.и.педагогӣ, полковники милитсия Давлатшоева А., сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ н.и.ҳ., подполковники милитсия Арипов А. ва дигарон баромад намуда, роҳҳои мукаммалгардонии корҳои илмиро пешниҳод намуданд.
Дар мавзӯи «Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии шуъбаи адъюнктура» н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳматҷонзода Р.Р. баромад намуда, навгониҳои соҳаи илмро дар Академияи ВКД муаррифӣ намуд.
Кори семинарро муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, н.и.ҳ., полковники милитсия Саидзода З.А. ҷамъбаст намуда, ба иштирокчиён дар ҷодаи илм барору комёбиҳо таманно кард.

659

Мавриди қайд аст, ки семинари доимоамалкунандаи илмӣ дар Академияи ВКД моҳе як маротиба баргузор гардида, иштирок дар он озод мебошад.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика