Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими хатми ботантанаи адъюнктони тоҷикистонӣ дар шаҳри Москва

321

10-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори Шарафи Донишгоҳи ВКД Россия ба номи В.Я. Кикоти шаҳри Москва маросими хатми тантанавии адъюнктони факултети кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва илмии Донишгоҳи мазкур, ки аз курсҳои олии таълимӣ гузашта, аттестатсияи давлатиро бомуваффақият супоридаанд, баргузор гардид.

322

Дар маросими супоридани дипломҳо сардори Донишгоҳ, генерал-полковники политсия Игор Александрович Калиниченко, ҳамчунин, ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар маросими мазкур кормандони Академияи ВКД – омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2, капитани милитсия Валиев Наврӯз Дӯстмуродович ва капитани милитсия Исмонзода Сайфуддин Маҳмадкабир ҳамчун хатмкунандагони адъюнктураи Донишгоҳ иштирок намуданд.
Сардори Донишгоҳ И.А.Калиниченко қайд намуд, ки ба даст овардани диплом оид ба хатм намудани адъюнктура – ин маънои хотима не, балки давомнокӣ ва оғоз намудани роҳ ба сӯи илм: ҷараёни мураккаб, самарабахш, вале ҷолиб ва шаъну шараф мебошад. Дар пеш хатмкунандагонро санҷиши муҳимтарин интизор аст: ҳимояи диссертатсияҳои номзадии илми ҳуқуқ. Сардори Донишгоҳ боварии комил баён намуд, ки хатмкунандагон аз ӯҳдаи вазифаҳои муқарраргардида ба хубӣ баромада, фаъолияти худро дар соҳаи илм ва таълим бо шаъну шараф идома хоҳанд дод.

323

Ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД хатмкунандагони худро табрик намуда, дар корҳои илмӣ-тадқиқотии минбаъдаи онҳо комёбиҳои беназир таманно дорад.

Шӯъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика