Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲИФЗ ВА ҲИМОЯИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

176

Моддаи 40 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки: «Ҳар шахс ҳуқуқ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода барад. Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад. Моликияти зеҳнӣ таҳти ҳимояи қонун аст».

Моликияти зеҳнӣ чист?

Моликияти зеҳнӣ - ин моликият ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, маҳсули зеҳнӣ ва дар якҷоягӣ объектҳои ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқи ихтироъкориро дар бар мегирад.

«Моликияти зеҳнӣ ҳуқуқҳоеро дар бар мегирад, ки онҳо ба объектҳои зерин нисбат доранд:
- асарҳои адабӣ, бадеӣ ва илмӣ;
- фаъолияти иҷрокунандагии санъаткорон (ҳофизон), сабти овоз, барномаҳои радиоию телевизионӣ;
- ихтироот дар ҳама соҳаҳои фаъолияти инсон;
- намунаҳои саноатӣ;
- тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ, номҳои фирмавӣ ва тамғаҳои тиҷоратӣ;
- ҳимоя аз рақобати бевиҷдонона.
Ба моликияти зеҳнӣ инчунин тамоми дигар ҳуқуқҳои марбут ба фаъолияти зеҳнӣ дар соҳаи истеҳсолот, илм, адабиёт ва санъат дахл доранд.

177

Объекти ҳуқуқи муаллиф: асарҳои илмӣ, адабиёт ва санъат, ки натиҷаи фаъолияти эҷодӣ мебошанд, сарфи назар аз таъинот ва аҳамият, ҳамчунин тарзи ифодаи онҳо, аз ҷумла асарҳои шифоҳӣ (суханрониҳо, лексияҳо, маърӯзаҳо, асарҳои адабиёт (адабию бадеӣ, илмӣ, таълимӣ, публисистӣ, тамоми намуди барномаҳо барои машинаҳои электронии ҳисоббарор, асарҳои драмавӣ ва мусиқиву драмавӣ, асарҳои сенарӣ, асарҳои хореографӣ, асарҳои мусиқӣ бо матн ва бе он, асарҳои аудиовизуалӣ, асарҳои тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ, графикӣ, санъати ороишию амалӣ, дизайнӣ, ҳикояҳои тасвирӣ ва дигар асарҳои санъати тасвирӣ, асарҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва санъати боғпарварӣ, асарҳои суратнигорӣ ва дигар асарҳое, ки бо усулҳои ба он монанд офарида мешаванд, харита, нақша, ангора, тарҳҳои ҷуғрофӣ, геологӣ, заминшиносӣ, асарҳои пластикӣ, ки ба ҷуғрофия, топография ва илмҳои дигар марбутанд, асарҳои маҳсулӣ (тарҷума, таҳрир, хулоса, реферат, резюме, шарҳу тавзеҳ, саҳнагузорӣ ва дигар коркардҳои асарҳои илмӣ, адабиёт ва санъат).
Субъекти ҳуқуқи муаллиф: муаллиф, ҳаммуаллиф, меросхури муаллиф, корфармо, истифодабарандагони ҳуқуқҳои муаллиф, тарҷумонҳо ва муаллифони дигар асарҳои маҳсулӣ, муаллифони асарҳои аудиовизуалӣ (режиссёри таҳиягар, муаллифи сенарий ва муаллифи асари мусиқӣ (бо матн ва бидуни он), ки махсус барои ҳамон асари аудиовизуалӣ офарида шудааст (бастакор), иҷрогар, истеҳсолкунандаи фонограмма, ташкилотҳои пахши эфирӣ, кабелӣ.
Ҳуқуқҳои муаллиф: ҳуқуқи муаллифият, ҳуқуқ ба ном, ҳуқуқ ба интишор ва бозхонд, ҳуқуқ ба дахлнопазирии асар, ҳуқуқ ба эътибор, ҳуқуқи таҷдид, ҳуқуқи паҳнкунӣ, воридот, намоиш ва иҷрои оммавӣ, тарҷума, коркард, ҳуқуқи пахши кабелӣ.

Объекти ҳуқуқи патентӣ: ихтироот, модели муфид ва намунаи саноатӣ.
Субъекти ҳуқуқи патентӣ: дорандаи патент, муаллиф, ҳаммуаллиф, вориси ҳуқуқии муаллиф ва ё корфармо.
Ҳуқуқҳои патентӣ: ҳуқуқи муаллифӣ, ҳуқуқи номгузории ихтироъ, ҳуқуқи истисноии истифодаи ихтирои бо патент ё бо нахустпатент ҳифзшаванда, аз ҷумла, ҳуқуқи сохтан, татбиқ намудан, ворид кардан, фурӯхтан, бо роҳи дигар ба гардиши хоҷагидорӣ даровардан ва ё бо ин мақсад нигоҳ доштани маҳсулоте, ки ихтирои бо патент ё бо нахустпатент ҳифзшавандаро дар бар мегирад, ҳуқуқи татбиқ намудани тарзи бо патент ва ё бо нахустпатент ҳифзшаванда, инчунин ҳуқуқи манъи истифода шудани ихтирои номбаршуда аз ҷониби шахсони дигар, ғайр аз ҳолатҳое, ки ингуна истифодабарӣ мувофиқи қонун вайрон намудани ҳуқуқи истисноии дорандаи патент маҳсуб намегардад, ба дорандаи патент тааллуқ дорад.

Объекти воситаҳои фардикунонӣ: номи фирмавӣ, тамғаи молӣ, тамғаи хизматрасонӣ, номи маҳалли истеҳсоли мол ва нишондоди истеҳсолӣ.
Субъекти воситаҳои фардикунонӣ: соҳибҳуқуқ, корфармо, шахсони ҳуқуқии тиҷоратӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва дигар субъектони ихтиёрӣ.
Ҳуқуқҳо: ҳуқуқ ба номгузорӣ, ҳуқуқи истифода, ворид кардан, нигоҳ доштан, манъ кардани истифодабарӣ аз ҷониби шахсони дигар, ҳуқуқи паҳнкунӣ.
Объектҳои ғайрианъанавии моликияти зеҳнӣ: кашфиёти илмӣ, сирри хизматӣ ва тиҷоратӣ, топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ, дастовардҳои селексионӣ, пешниҳодҳои ратсионализаторӣ.
Субъектҳои ғайрианъанавии моликияти зеҳнӣ: муаллиф, ҳаммуаллиф, корфармо.

Муқаррароти Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон:
- моддаи 156 – Вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он;
- моддаи 1561 – Вайрон кардани ҳуқуқҳо ба ихтироот, намунаҳои саноатӣ ва моделҳои муфид;
- моддаи 275 – Истифодаи ғайриқонунии воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, молҳо, корҳо ва хизматрасонӣ.
- моддаи 209 – Истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани мол ё маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад;
- моддаи 2101 – Ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯй набуда, инчунин дорувории мӯҳлати истифодааш гузашта;
- моддаи 2591 – Истеҳсол, ба даст овардан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ё ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамғаношуда;
- моддаи 273 – Кирдори инҳисорӣ (монополистӣ) ва маҳдуд кардани рақобат;
- моддаи 276 – Дидаю дониста додани рекламаи бардурӯғ;
- моддаи 277 – Ғайриқонунӣ ба даст овардани маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ;
- моддаи 278 – Ифшои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ;
- моддаи 294 – Фиреби истеъмолкунандагон.

Тавсия:
- аз молҳои қалбакӣ, пастсифат ва рақобати носолим худ ва наздикони худро эҳтиёт намоед;
- ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои патентии худро ҳифз намоед;
- барои гирифтани пеши роҳи қалбакисозӣ мадад расонед;
- пеш аз харидорӣ намудан ва истифодани намудани тамоми маҳсулот бодиққат ва боэҳтиёт бошед, то ки ҳуқуқҳои Шумо ҳамчун истеъмолкунанда вайрон нашаванд ва Шумо фирефтаи молҳои қалбакӣ сохташуда нагардед;
- пешгирӣ ва тоза намудани бозор ва мағозаҳо аз молҳои қалбакӣ сохташуда ин вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад.

Ба диққати Шумо бо камоли эҳтиром мерасонем, ки дар сурати маълумот пайдо намудан оид ба маҳсулоти қалбакӣ, қалбакисозӣ, молҳои пастсифат, мӯҳлаташон гузашта, истифода шудани тамғаҳои молии шахсони дигар беиҷозати соҳиби он, фиреби истеъмолкунанда, маҳсулоти дорувории пастсифат ва мӯҳлаташ гузашта, фита ва дискҳои қалбакӣ ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоед:

178




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика