Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар бахшида ба 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ

181

Рӯзи 18-уми июни соли 2018 дар факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ мизи мудаввар бахшида ба 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Чорабиниро муовини сардор оид ба таълиму илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ подполковники милитсия Ғафуров М.С. оғоз бахшида, аз таърихи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, омилҳои таҳкими истиқлолият дар кишвар ва муҳимтарин шарти ободию осудагии кишвар маҳсуб гаштани сулҳу ваҳдат сухан ронд.
Мувофиқи нақша сараввал меҳмони чорабинӣ Ёқубов Ҷумъа Калонович, н.и.с., дотсенти кафедраи Сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Омилҳои таҳкимбахши ваҳдати миллӣ», сипас муаллимаи калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ майори милитсия Собирова М.А. дар мавзӯи «Ваҳдат чароғи раҳнамост» баромад намуда, аз фаълият ва зиндагии пурпечутоби шаҳрвандони кишвар дар рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар гашта, азиз доштани ҳар ваҷаб хок ва ҳар қатра оби Ватанро ба ҳамагон таъкид намуданд.
Инчунин бо истифодаи слайд суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои таҳкими сулҳ дар кишвар равона намоям», «Барои гул - гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам» намоиш дода шуд.
Сухани ҷамъбастиро муовини сардор оид ба таълиму илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Ғафуров М.С. ба самъи ҳозирин расонида, қайд кард, ки ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаи факултет ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки барои муҳофизати ҳуқуқи шаҳрвандон мутахассисони баландихтисосро омода намоянд.
Чорабинӣ хеле шавқовар ва пурмӯҳтаво баргузор гардида, байни меҳмонон ва иштирокчиён саволу ҷавоб ва баҳсҳои хусусияти илмӣ дошта доир карда шуд.
Хокироев А.Ю., сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, полковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика