Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ вобаста ба қочоқи металлҳои қиматбаҳо

175

Рӯзи 14 июни соли 2018 аз тарафи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ оид ба тавсифи ҳуқуқии ҷиноятӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо вобаста ба қочоқи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» баргузор гардид.

176

Конференсияи мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал – майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ҳусни оғоз бахшида, зикр кард, ки «асоси иқтисодиёти аксари давлатҳои ҷаҳонро захираҳои табиӣ ва канданиҳои фоиданок ташкил медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93% ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд аз сарватҳои зеризаминӣ ва канданиҳои фоиданок бой мебошад. Истифодаи дуруст ва самараноки он метавонад иқтисодиёти кишвари моро мустаҳкам гардонида, сатҳи некуаҳволии мардумро баланд бардорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии муносибат дар самти тадқиқу ҷустуҷӯи геологии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, коркард, истифода ва муомилоти онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» аз 12 майи соли 2001, таҳти № 21 ба танзим дароварда мешавад».
Дар ҷараёни конференсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед – сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия дар мавзӯи «Ташкили фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи давлат дар самти мубориза бар зидди қочоқи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», Нуронов Исматулло Кавракович – прокурори калони Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи дар мавзӯи «Таҷрибаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба муомилоти ғайриқонунии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», Абдуллоев Мирзо Муллоевич – муовини сардори донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа, полковники хадамоти гумрук дар мавзӯи «Фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди қочоқ» баромад намуданд.

177

Ҳамчунин Одиназода Маҳмадшариф Шодӣ – сардори шуъбаи мубориза бар зидди қочоқи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои РМЗҶММ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия дар мавзӯи «Асосҳои ҳуқуқӣ ва хусусиятҳои ташкили мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо. Инкишофи қонунгузорие, ки муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро ба танзим медарорад», Малахов Фируз – сардори КВДҶ «Экспедитсияи иктишофӣ-геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ»-и Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои геологӣ – минерологӣ ва Куканбеков Зоир - саргеологи КВДҶ «Экспедитсияи иктишофӣ-геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ» - и Саридораи мазкур дар мавзӯи «Сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза карданд.
Дар идомаи конференсия Абдуллозода Ёқуб – мутахассиси пешбари Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷавобгарии ҷиноятӣ ва амалияи судӣ барои муомилоти ғайриқонунии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», Юсуфзода Акмал Ҳотам – ёрдамчии сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., майори милитсия дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқӣ – конститутсионии муносибатҳои марбут ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», Ҳусейнзода Сино Ҳотамӣ – и.в. сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., подполковники милитсия дар мавзӯи «Баъзе масъалаҳо оид ба аломатҳои объективии муомилоти ғайриқонунии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», Хайров Фирдавс Мадуллоевич – дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., подполковники милитсия дар мавзӯи «Баъзе масъалаҳо оид ба аломатҳои субъективии муомилоти ғайриқонунии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», Аҳёзода Шоҳрух Табаррукшо – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2 Академияи ВКД, капитани милитсия дар мавзӯи «Тавсифи ҳуқуқии ҷиноятии ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» баромад намуда, доир ба мавзӯъҳои баррасишаванда изҳори ақида намуданд.
Ҳамчунин, дар конференсия сармутахассиси шуъбаи геологияи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов Облоқул Довудович иштирок намуда, ба як қатор саволҳо ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуд.
Дар охири конференсия и.в. сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети № 2 Академияи ВКД, н.и.ҳ., подполковники милитсия Ҳусейнзода Сино Ҳотамӣ хулоса, таклиф ва пешниҳоди конференсияро, ки дар натиҷаи музокираҳо ба миён омаданд, қироат намуд. Аз ҷумла:
- номи моддаи 284 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли зерин ифода карда шавад: “Вайрон кардани қоидаҳои ба давлат супоридани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо”. Айни замон номи модда “Вайрон кардани қоидаҳои ба давлат супоридани фулузот ва сангҳои қиматбаҳо” ифода гардидааст, ки ба диспозитсияи ҳамин модда мувофиқат намекунад. Дар диспозитсия омадааст: “Саркашӣ кардан аз ҳатман ба аффинаж супоридан ё ҳатман ба давлат фурӯхтани металлҳои қиматбаҳо ё сангҳои қиматбаҳои аз қаъри замин истихроҷшуда ё аз ашёи хоми муштақ ба дастовардашуда ҳамчунин бардошташуда ё ёфташуда, агар ин кирдор ба миқдори калон содир шуда бошад”. Дар диспозитсия калимаи “фулузот” истифода нагардидааст. Аз рӯи баромади иштирокчиёни конференсия маълум гардид, ки фулузот шакли коркардшудаи металли қиматбаҳо мебошад;
- дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри махсус ҷиҳати муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои қочоқи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ҷой надорад. Бинобар ин, пешниҳод карда шуд, ки дар қисми 3 моддаи 289 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қочоқи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ҳамчун ҷиноят ворид карда шавад. Қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи 289 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқан ба қисмҳои 4, 5 ва 6 ҳамин модда иваз карда шаванд;

178

- дар моддаи 284 эзоҳе ворид карда шавад, ки миқдори ҷавобгарии ҷиноятиро барои бастани аҳди ғайриқонунӣ бо металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид ва вайрон кардани қоидаҳои ба давлат супоридани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо муқаррар намояд.
- дар моддаҳои 284 ва 285 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳолати вазнинкунанда “бо истифодаи мақоми хизматӣ” ворид карда шавад;
- маводҳои конференсияи мазкур ҷамъоварӣ гардида, мавриди чоп қарор дода шавад;
- хулосаҳои конференсияи мазкур дар маводҳои таълимии кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология ҷой дода шаванд.
Дар хотимаи конференсия сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал – майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ барои иштироки фаъолона ба ҳозирин изҳори сипос намуда, зикр кард, ки конференсияи мазкур ҷиҳати тавсифи ҳуқуқии ҷиноятӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо вобаста ба қочоқи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мусоидат хоҳад кард.
Ҳусейнзода С.Ҳ., и.в. сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ,

крминология ва психологияи факултети

№2 Академияи ВКД, н.и.ҳ., подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика