Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо курсантони Академияи ВКД

Тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати шахсӣ ва роҳбарикунадаи мақомот ҷиҳати пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва ҳамагуна ҳуқуқвайронуниҳо бо ҷавонон, донишҷӯён ва аҳли ҷамоатчигӣ пайваста вохӯриҳои судманд доир менамоянд. Ҳамчунин кормандони макомот бо курсантони Академияи ВКД низ чунин чорабиниҳои мақсаднокро ба роҳ монда, бо мақсади омӯхтани таҷрибаи хеш ба курсантон дар Академияи ВКД вохӯриву сӯҳбатҳо баргузор менамоянд.
Чунин вохӯрии мақсаднок бо иштироки шунавандагони факултети №3-юми Академияи мазкур, ки дар он дар баробари кормандони милитсия кормандони дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ низ таҳсил менамоянд, бо курсантони ин боргоҳи илм доир гардид.
Маърузачиён оид ба фаъолияти бахшхои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ ба курсантон маълумот дода, вобаста ба амалияи кори милитсия дар асоси таҷрибаи хеш қисса намуданд.
Қайд гардид, ки милитсия тоҷик аз давраҳои таъсисёбӣ то ба имрӯз рисолати аслии хешро сарбаландона иҷро намуда, саҳифаҳои таърихии онро қаҳрамониву шуҷоат ва далериву мардонагии кормандони ин сохтори бонуфуз рангин намудааст.
Ҳамчунин оиди ҷобаҷогузории кадрҳо, интихоби номзадҳо барои таъин намудан ба вазифаҳо, нақши Сармаркази иттилотӣ-таҳлилӣ дар системаи мақомоти корҳои дохилӣ, қайди ягонаи ҷиноятҳо, дар бораи фаъолияти Бозрасии давлатии автомобилӣ, Дастаи таъиноти махсуси милитсия ва дигар самтҳои хизматӣ кормандони милитсия ба курсантон маълумот пешниҳод намуданд.

Илова бар ин курсантон саволҳои худро оиди бахшҳои гуногуни мақомоти милитсия пешниҳод намуда, ҷавобҳои дақиқ ва возеҳ барои худ пайдо карданд.
Назарзода Ҳакимҷон, Абдуллозода Эҳсон.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика