Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчами давлатии Точикистон нишони хиради волои миллат

23-юми ноябри соли 2017, дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Парчам - рамзи муттаҳидсозандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ифтитоҳ намуда, бо ин иди фархунда ҳозиринро табрик намуд.
Ба мизи мудаввар меҳмонон аз Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда буданд. Зимни суханронии худ шоир, сардори шуъбаи Иттифоқи нависандагон Муҳаммадалии Аҷамӣ ва Мирзо Саъдӣ аз бузургдошти ин ҷашн ёдоварӣ намуда, пораҳои шеърӣ дар васфи Ватан ва Парчам қироат намуданд.

Омӯзгорони Академия полковники милитсия Бойзода Ҷамшед - сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, дар мавзӯи «Парчами давлатӣ – рамзи давлату давлатдорӣ», Маҳмадов Саъдӣ–номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, дар мавзӯи «Парчам рамзи озодист», Самиҳов Б.С. – муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, майори милитсия, дар мавзӯи «Парчам омили ташаккулдиҳандаи тафаккури давлатӣ», Ҷалолов С.И.- муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, дар мавзӯи «Вазъи ҳуқуқии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаҳо қироат намуданд.
Ҳамзамон, аъзоёни маҳфили илмии курантон: «Дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ» дар васфи Парчам бо монтажи адабӣ-таърихӣ баромад намуда, шеърҳо қироат намуданд.
Дар ҷамъомади мазкур намояндагони фаъоли ҷавонони манотиқи гуногуни кишвар низ ҳузур доштанд.
Дар қисмати дуюми ҷамъомад хотири ҳозиринро бо шеъру тарона ҳунармандони маъруфи кишвар Афзолшоҳи Шодӣ, Тобиш Ҳилолӣ ва Зулайхо Маҳмадшоева шод намуданд.

Сардори Академия қисмати хотимавии ҷашнро бо фармудаҳои пурмӯҳтавои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: - «…итминони комил дорам, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободии Ватани азизамон ба дастовардҳои рӯзафзун ноил хоҳем шуд» ҷамъбаст намуда, курсантону шунавандогони Академияро ба хониши хубу аъло даъват намуд. 

Дар интиҳои чорабинӣ ба меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Бойзода Ҷамшед, полковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика