Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Курсантон дар Осорхонаи ВКД

Бо ташаббуси роҳбарияти Академияи ВКД, рӯзи 22-юми ноябр курсантони курси чоруми факултети №2-и ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз Осорхонаи ВКД дидан намуда, бо дирӯзу имрӯзи фаъолияти ҷузъу томҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон шинос шуданд.
Ба ин монанд, чанд рӯзе пеш низ курсантони курсҳои 2 ва 3-и факултети номбурда аз ин макони таърихӣ дидан намуда буданд. Ҷавонон дар ин макони фарҳангӣ бо давраҳои ташаккулёбии милитсияи тоҷик шинос шуданд. Ҳамзамон, онҳо аз гӯшаҳои гуногуни осорхона, ки баёнгари рушду инкишофи ҷузъу томҳои мухталифи ин мақомоти бонуфуз мебошанд, дидан намуда, бо дастовардҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз наздик шинос шуданд.
Ёдрас менамоем, ки ҳар як хадамоту раёсатҳо ва ҷузъу томҳои ВКД, аз ҷумла Академияи ВКД низ дар ин осорхона гӯшаҳои худро доранд, ки инъикоскунандаи дирӯзу имрӯзи фаъолияти онҳоро дар бар мегиранд.

Курсантон аз тамошои ин макони таърихӣ таассуроти зиёд бардошта, барои ташкил намудани чунин чорабиниҳои фарҳангиву омӯзишӣ ба роҳбарияти ВКД ва Академияи он изҳори сипос намуданд.
У. ОЛИМ,
Ш. УБАЙДУЛЛОЕВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика