Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарси кушод дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ

16-уми ноябри соли 2017, аз ҷониби сардори кафедраи ҳуқиқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Имомёрбеков А. дар Академияи мазкур дарси кушод дар мавзӯи “Асогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - намунаи хизмати давлатӣ” гузаронида шуд. 

Нахуст генерал-майори милитсия Имомёрбеков А. дар бораи фаъолияти ҷамъиятӣ-сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, нақши бузурги Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба курсантон фаҳмонида, сипас дастури таълимӣ дар мавзӯи “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-намунаи хизмати давлатӣ”-ро ба онҳо муаррифӣ намуд.
Зикр гардид, ки тарбияи ҳисси ватандӯстӣ дар мактаби сиёсии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи махсусеро ишғол менамояд ва ӯ худ чун ватандӯсти асил тамоми маънии ҳастии хешро маҳз дар хизмат ба халқу ватани хеш мебинад. Бояд гуфт, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт хизматҳои арзанда кардаанд ва айни ҳол низ карда истодаанд. Зиёда аз он бо рафтору гуфтор ва зиндагии хеш намунаи ибрат барои тамоми хизматчиёни давлатӣ ва умуман шаҳрвандони ҷомеаи навини Тоҷикистон мебошанд.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал – полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ҷиҳати ватандӯстиву меҳанпарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело ҳам ба маврид зикр намудаанд: «Дар зарфи биступанҷ соли фаъолияти пурмашаққату заҳматҳои шабонарӯзиаш ин марди фозил воқеан Истиқлолияти давлатии миллиро таъмин намуд, дар барқарор кардани сулҳу ваҳдат, тинҷию амонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии халқи ҷумҳурӣ заҳматҳои зиёд харҷ кард, ки ин рисолат, бешубҳа, ҳар як фарди ҷомеа, шахси ватандӯст ва ҳақҷӯро водор месозад иқдомҳои неки ӯро дар намуди корҳои чашмрас, хотирмон ва фаромӯшнашавандаи ҳодисаҳои гуногуни ҳаёташ, лаҳзаҳои мушкилии ҳастиаш, фаъолияти пурсамари кориаш, ки дар пешрафту ислоҳоти тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ дарҷ гардидааст, ба ёд овард ва дар хотир нигоҳ дорад» .
Дар ҳамаи вохӯриҳои худ бо ҷавонон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати асосиро ба масъалаҳои рӯзмараи таълиму тарбия дода пайваста таъкид аз он мекунанд, ки ҷавонон ояндаи миллатанд, бинобар ин зарур аст, ки тамоми донишҳои замони муосирро азбар намуда, чун мутахассисони арзанда ба халқу Ватан хизмат кунанд.
Яке аз хизматҳои бузургтарини Пешвои миллат дар соҳаи таълиму тарбияи ҷавонон аз он иборат аст, ки ӯ пеш аз ҳама ба сохтани мактабҳо, донишкадаҳо иқдом намуд. Ӯ ба нақши илму дониш баҳои баланд дода, ҷавонону наврасонро ба омӯзиш даъват менамоянд, чунки илму дониш сарчашмаи асосии пешрафти ҳар як шахс ба шумор меравад.
Яке аз рукнҳои асосии тарбияи ахлоқӣ ин тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба шумор меравад. Имрӯз бояд ҷавонон дар давраи таҳсил аксари илмҳои замони муосирро омӯхта ба ин васила боварии хешро ба ҳаёти хушу хуррами худ боз ҳам устувору қавитар гардонанд.
Дар суханронии хеш Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 18-умин солгарди таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар таърихи 25-уми июни соли 2015 чунин иброз доштанд: «Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва маъсулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористии ифротгаро, амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки ислом анҷом дода мешаванд, хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд».
Оре, маҳз ҳамин гуна муносибатҳо ба хотири татбиқи сиёсати давлату Хукумат дар раванди тарбияи наслҳои оянда дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ҳифзи манфиатҳои умумибашарӣ ва арзишҳои миллӣ метавонанд асос гузорад. Танҳо чунин муносибат ва эҳтирому садоқати пайваста ба Ватан аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳо эмин дошта, барои фазои сулҳу субот дар ҷомеаи навини тоҷикон боз ҳам имкониятҳои заруриро фароҳам меорад.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика