Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари омӯзишӣ ба округи Колумбияи шаҳри Вашингтон

Аз 4-ум то 11-уми ноябри соли 2017, як гурӯҳ омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пойтахти ИМА - Округи Колумбияи шаҳри Вашингтон сафари омӯзишӣ доир намуданд. Сафари омӯзишӣ бо кӯмаки молиявии Ассосиатсияи Ҳуқуқшиносони Амрикоӣ ва Барномаи Волоияти Қонун ва дастгирии Шуъбаи муқовимат бо маводи нашъадор ва тартиботи ҷамъиятӣ баргузор гардид.

Дар сафари омӯзишӣ намояндагони Академияи ВКД дар ҳайати зерин иштирок намуданд: сардори факултети №4, ӯ низ муовини сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Саидзода З.А., ходими калони шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр, майори милитсия Хабирова Т.А., сардори қисми таълимии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД, капитани милитсия Салиев М.Н., дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети № 2, подполковники милитсия Убайдуллоев Ш.Э., омӯзгори калони кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2, подполковники милитсия Бобоҷонов Н.М., омӯзгори калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2, капитани милитсия Назаров У.С., омӯзгори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, капитани милитсия Акрамова Ш.М.

Дар доираи сафари омӯзишӣ ҳайати омӯзгорони Академияи ВКД аз Суди Олии округи Колумбия, Ассосиатсияи Ҳуқуқшиносони Амрикоӣ ва Барномаи Волоияти Қонун, базаи пиёдагарди баҳрии Куантико, Академияи Бюрои тафтишотии федеролӣ (FBI), Академияи Агентии мубориза бо маводи нашъаовар (DEA), Мактаби ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Ҷорҷтауни Вашингтон (GW), Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вашингтон ва Донишгоҳи Ҷорҷ Вагшингтон дидан намуданд.

Зимни боздид ба ҷойҳои мазкур ҳайати кории Академияи ВКД бо Прокурори шаҳри Канон Каунти иёлоти Айдаҳои ИМА ҷаноби Брайан Тейлор, Раиси Кумита оид ба масъалаҳои муҳокимаҳои ғайриҳуқуқӣ ҷаноби Рассел Канан, директори шуъбаи хизматрасонии касбӣ ҷаноби Боб Горовитс, директори шуъбаи хизматрасонии касбии Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Амрикоӣ ҷаноби Боб Горовитс ва менеҷери калони барнома (АБА РОЛИ) хонум Андреа Гроте, хонум Ҷейме Холкомб – сардори шуъбаи омодагии ҳуқуқии Агентии мубориза бо маводи нашъавоар, Сафири Тоҷикистон дар Вашингтон Фарҳод Салим, консул – Пӯлод Бобоев ва атташе оид ба масъалаҳои фарҳанг, иттилоот ва маориф Яҳёҷон Валиев, Скотт Пейҷ – ёрдамчии декан оид ба хадамоти иттилоотӣ ва директори Китобхонаи ҳуқуқ дар GW, ҷаноби Роҷер Фэйрфакс – ёрдамчии калони декан оид ба корҳои академикӣ, хонум Филлис Голдфарб – профессор, ёрдамчии декан оид ба масъалаҳои клиникӣ, хонум Ҷессика Тиллипман – ёрдамчии декан оид ба масъалаҳои ҷобаҷогузории кадрҳо ва профессор-лектор оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ҳамсӯҳбат шуданд.
Омӯзгорони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сафар ба шаҳри Вашингтони ИМА таассуроти хотирмон бардошта, бо ҳамкорони худ мубодилаи таҷриба намуданд.
Хабирова Т.А., подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика