Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Масоили мубрами мубориза бар зидди экстремизм аз нигоҳи ҷавонон

Рӯзҳои 31-уми октябр то 2-юми ноябри соли 2017 бо ташаббуси кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар маҷлисгоҳи Шӯрои олимони Академияи мазкур бахшида ба 23-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли ҷавонон” эълон гардидани соли 2017 Форуми ҷумҳуриявии донишҷӯён дар мавзӯи «Масоили ҳалталаб оид ба муайян намудани мафҳуми экстремизм дар меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Форуми мазкур бо кӯмаки молиявии Анҷумани ҳуқуқшиносони Амрикоӣ (АБА РОЛИ) доир гардида, дар кори он донишҷӯён ва омӯзгорони 5 донишгоҳ ва донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ дар ҳайати 35 нафар фаъолона ширкат варзиданд.
Кори Форуми ҷумҳуриявиро бо сухани табрикотӣ роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода, меҳмонон ва иштирокчиёни онро хайру мақдам гуфтанд.

Мақсад аз баргузор намудани Форум - муайян намудани камбудиҳои қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба экстремизм ва пешниҳод намудани хулосаҳои илман асоснок дар мукаммал сохтани қонунгузорӣ иборат буд.
Дар Форуми мазкур масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд: асосҳои назариявии муқовимат ба экстремизм; проблемаҳо ва мулоҳизаҳо оид ба мафҳуми экстремизм дар меъёрҳои байналмилалӣ; андешаҳо оид ба асосҳои конститутсионии муқовимат ба экстремизм; масоили мубрам оид ба табиати ҳуқуқии экстремизм дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар анҷоми кори Форум аз тарафи иштирокчиён як қатор таклифҳои судманд пешниҳод карда шуд.
Сафаров Ҳ.С. подполковники милитсия,
Ҳайдарзода М.П. капитани милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика