Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд бо курсантони Академияи ВКД

 

27 октябри соли 2017 дар толори машғулиятгузаронии факултети №2-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯри судманди сардори факултети мазкур полковники милитсия Ализода А.Ш., сардори қисми таълимии ҳамин факултет подполковники милитсия Шокирзода Т. ва сардори курси 3-юми факултети №2 подполковники милитсия Сатторзода Б. баргузор гардид. 

Дар вохӯрӣ оиди тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ», фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2006 таҳти №1 «Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон», фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2017 «Дар бораи манъи истифодабарии телефонҳои мобилӣ дар ҳудуди Академияи ВКД аз тарафи ҳайати шахсӣ» ва фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2017 таҳти №19 бо замима «Дар бораи тасдиқ намудани Кодекси одоби касбии корманди милитсия» мулоқот баргузор гардид.
Баромадкунандагон иброз доштанд, ки тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мазкур тақозои замон буда, барои беҳбуди иҷтимоӣ равона гаштаанд.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки талаботи қонунҳо муштарак аз ҷониби роҳбарияти факултет, комиссияи танзим ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ таҳти назорати қатъӣ қарор доранд.
Боизи тазаккур аст, ки чунин вохӯриҳо дар асоси нақшаи корҳои тарбиявӣ бо тамоми курсантон гузаронида шуда, ба онҳо моҳият ва муҳтавои тағйиротҳо ба қонунгузории миллӣ мунтазам расонида мешавад, ки дар тарбияи ахлоқию маънавии онҳо нақши бузург хохад дошт.
Чунин мулоқот ва вохӯриҳои судманд дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.
Асламов Б.С., муовини сардори факултети №2-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика