Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Форум оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

 

Рӯзҳои 12, 14 ва 17-уми октябри соли 2017, Форум дар мавзӯи «Роҳҳои баамалбарории меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки молиявии Анҷумани ҳуқуқшиносони Амрикоӣ (АБА РОЛИ) баргузор гардид.

Дар кори Форум курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷғӯни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи С.Раҳимов иштирок намуданд.
Дар давоми се рӯзи баргузории Форум курсантону донишҷуён оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ ва такмили он андешаҳояшонро баён намуданд.
Дар рафти Форум иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки ин қонун барои тақозои таъмини рушди ҷомеаи имрӯза ва дарназардошти шароити зиндагии мардуми Тоҷикистон қабул шудааст. Барои он, ки рушди ҷомеа ба маҷрои дуруст ворид шавад, мардум аз душворию монеаҳои сунъӣ ва анъанавӣ озод шаванд, давлат чораҳои зарурии ҳуқуқӣ пешбинӣ намуд. Дар ҳолатҳое, ки урфу одат ва анъанаҳои миллию динӣ дар доираи манфиатҳои гурӯҳҳои муайян ба манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатӣ мухолиф баромада, садди роҳи инкишофи ҷамъият ва давлат мегарданд, давлат на танҳо ҳуқуқ дорад, балки ӯҳдадор аст, ки онҳоро мавриди танзим қарор диҳад, ба манфиати миллату халқ мувофиқ намояд ва барои озодона изҳор намудани фикру ақидаҳои хеш ба шаҳрвандон мусоидат намояд.
Дар охир иштирокчиёни Форум бо мақсади такмили қонунгузорӣ як қатор таклиф пешниҳод намуданд:
1. Мафҳуми «оила», «аъзоёни оила», «доираи оила», «дастархони маънавӣ» ва «камхарҷи идона» дар қонунгузорӣ муайян карда шаванд.
2. Зарурияти коркарди тафсир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
3. Андешидани чораи пешгирӣ нисбати шахсоне, ки бо супоридани ҷарима мехоҳанд тӯйю маросимҳои худро давом диҳанд.
4. Муайян намудани ҷавобгарӣ нисбати шахсони мансабдоре, ки дар тӯйю маъракаҳои дӯстонашон иштирок намуда ва меъёри танзими анъана дар он баръало вайрон шудааст, ки аз ҷониби охирин сари вақт ягон чораи пешгирӣ ба роҳ монда нашудааст.

5. Шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан ё доимӣ зисту зиндагонӣ мекунанд, талаботи қонунгузории давлатиро дар раванди танзими анъана ва ҷашну маросим, пурра риоя намоянд.
6. Гузаронидани санҷиши аттестатсионӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва аъзоёни комиссияҳо оид ба риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, бо мақсади баланд бардоштани малакаи дониш ва маҳорати касбӣ дар раванди гузаронидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар миёни аҳолӣ.
7. Барои гузаронидани маросими дафн хуб мебуд, ки хизматрасонии давлатӣ ба роҳ монда шавад (яъне таъмин бо нақлиёти махсус ва дида баромадани чораҳои бехатарӣ дар роҳҳо).

Бо назардошти гуфтаҳои боло иштирокчиёни Форум мувофиқи мақсад мешуморанд, ки Қонун аз проблемаю мушкилиҳои зиндагии мардум сарчашма гирифта мақсад, ҳадаф ва вазифаҳои аслиаш кӯмак ва дастгирӣ кардан ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии халқи Тоҷикистон аст. Он ҳамзамон мутобиқи муқаррароти ислом ва фарҳанги миллӣ буда, дар доираи арзишҳои пурғановати аҷдодонамон тарҳрезӣ гардидааст. Қонун на танҳо ба арзишҳои миллӣ мувофиқ аст, балки ҳамзамон барои тоза нигоҳ доштани расму оини миллӣ мусоидат менамояд. Мазмуни Қонун пурра ба талаботи арзишҳои башарӣ мувофиқ буда, ба дастовардҳои демократии ҷомеаи ҷаҳонӣ комилан такя менамояд.
Ҳамин тавр, Қонуни мазкур барои бартараф намудани чунин омилҳои номатлуб, ки садди роҳи инкишофи ҷомеа шудаанд, қабул гардид:
- мавҷудияти исрофкорию хароҷотҳои зиёд дар тӯю маърака ва маросимҳои азодорӣ;
- аз ҳад зиёд гардидани ҷашну маросимҳо ва анъанаҳои мардумӣ;
- афзоиши унсурҳои манфии худнамоӣ, тақлидкорӣ;
- аз доираи талаботи арзишҳои миллӣ ва динӣ берун омадани теъдод ва мазмуни баргузории ҷашну маъракаҳо;
- ба талаботи дастовардҳои арзишҳои ҷаҳонӣ мувофиқат накардани оини зиндагии мардум;
- гарон шудани вазъи зиндагии мардуми камбизоат.
Ҳамзамон Қонун боз мақсадҳои мушаххасе дорад, ки онҳо аз мазмун ва муҳтавои умумии талаботи он бармеоянд. Гирифтани пеши роҳи афзоиши бемантиқи расму оинҳо, ки ба талаботи ҷомеа ва давлат зид мебошанд, нигоҳ доштани тозагии анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, фарҳангӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги миллӣ, динӣ, худшиносии миллӣ ва ниҳоят ба талаботи арзишҳои башарӣ мутобиқ намудани расму оини зиндагии мардуми Тоҷикистон, аз ҳадафҳои асосии Қонуни мазкур ба ҳисоб мераванд.
Имомёрбеков А., сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва
фаъолияти маъмурии факултети №2, н.и.т., генерал-майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика