Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби дарсии «Мурофиаи ҷиноятӣ»

Китоби дарсии «Мурофиаи ҷиноятӣ», ки зери назари Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз чоп баромад, аз тарафи ҳайати муаллифон – Муҳамадиев М.Т., Шарифзода Ф.Р., Солиев К.Ҳ., Арипов А.Л., Имомназаров Ф.С., Қудратов Н.А., Нозиров Н.А. ва Юлдошев Р.Р. тайёр шуда, аз 368 саҳифа иборат мебошад.

Китоб бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 2/24 аз 22 феврали соли 2017 ба сифати китоби дарсӣ барои донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ тавсия карда шудааст.
Китоби дарсӣ мавзӯҳои асосии фанни таълимии «Мурофиаи ҷиноятӣ»-ро, ки мутобиқи фаслҳо ва бобҳои алоҳидаи Қисми умумии Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф шудаанд, фарогир мебошад. Китоби мазкур дар асоси талаботи барномаи таълимии фаннӣ омода шуда, дар он низоми қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон, сарчашмаҳои илмию таълимии ватаниву хориҷӣ, дастоварду ҷузъиётҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқнамоии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин, тамоми тағйироту иловаҳои дахлдори санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ васеъ истифода шудаанд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика