Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсия дар мавзӯи «Истиқлолият – неъмати бебаҳо»

 

Рӯзи 8-уми сентябри соли равон, дар факултети рақами 4-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Истиқлолият – неъмати бебаҳо» бо иштироки устодону омӯзгорон ва курсантони факултети мазкур баргузор гардид.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ сардори факултети рақами 4-и Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Саидзода З.А. ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, оид ба аҳамияти ин дастоварди бузурги давлатӣ дар масири таърих ибрози ақида намуд.
Дар ҷараёни конференсия сардори қисми таълим, майори милитсия Ҷабборова М.Т. дар мавзӯи «Пояи истиқлолият», муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, лейтенанти калони милитсия Абдураҳмонов Н.А. дар мавзӯи «Дастовардҳои истиқлолият», муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ лейтенанти милитсия Ибодзода М.А. дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги замони истиқлолият», муаллимаи кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ капитани милитсия Алимова Ҳ. дар мавзӯи «Истиқлолият неъмати бебаҳо» баромад намуда, нуктаҳои муҳими ин рӯзи таърихиро шарҳу эзоҳ доданд.

Дар хотима байни иштирокчиёни конференсия музокираҳо сурат гирифта, доир ба муҳимияти ин дастоварди таърихии миллати тоҷик фикру андешаҳои ҷолиб иброз гардид.
Гул Маҳбуба 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика