Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тренинг дар мавзӯи ташаккули омӯзгори болаёқат

21-23-юми июни соли 2017 аз ҷониби Филиали Ассосиатсияи Ҳуқуқшиносони Амрико Барномаи Волоияти Қонун дар Тоҷикистон (АБА РОЛИ) дар бинои меҳмонхонаи “Шератон” тренинг дар мавзӯи “Ташаккули омӯзгори болаёқат” барои 20-нафар омӯзгорони Академияи ВКД баргузор гардид.
Дар тренинги мазкур тренери пуртаҷриба, прокурори шаҳри Канён Каунти Иёлоти Айдаҳо (ИМА) ҷаноби Брайан Тейлор иштирок намуд.
Ҳамчунин ҷаноби Б.Тейлор оид ба омӯзиши анъанавӣ, тарафҳои мусбӣ ва манфии он, силсилаи омӯзиш (мақсад, ҷалби аудитория, намоиш, истифодаи малакаҳо, дар таҷриба амалӣ намудани донишҳои омӯзонидашуда) дар назди омӯзгорони Академияи ВКД баромад намуд.
Дар ин тренинг масъалаҳои вобаста ба муҳити омӯзиш (муҳити психологӣ ва физикӣ), сабки омӯзиш, усулҳои босамари муосири омӯзиш, баҳогузорӣ, пирамидаи омӯзиш, илми омӯзгорӣ (педагогика-омӯзиши кӯдакон, анрогогика-омӯзиши калонсолон) матраҳ гардиданд.

Дар рафти тренинг усулҳои нави омӯзиш ба самъи омӯзгорон расонида шуда, инчунин аз воситаҳои муосири аёният истифода намудан ба мисли проектор, слайдҳо, видеороликҳо, мусаввараҳо, маводи нашршуда вобаста ба мавзӯъ, рангҳо манзури иштирокдорон гардонида шуд.
Дар анҷоми тренинг аз ҷониби омӯзгорони Академияи ВКД китоби рубоиёти Умари Хайём ва “Тоҷикон”-и Б.Ғафуров ба забони англисӣ ба ҷаноби Брайан Тейлор ҳамчун тӯҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика