Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳокимаи проблемаҳо вобаста бо табодули таҷрибаи касбӣ

12-уми июни соли ҷорӣ, дар доираи Созишномаи шарикӣ байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон, ки 21 октябри соли 2015 ба имзо расидааст, вохӯрии роҳбари Бунёди мазкур дар Осиёи Марказӣ ҷаноби доктор Макс Георг Майер бо роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

Дар рафти мулоқот проблемаҳои самтҳои асосии ҳамкориҳои оянда байни Бунёди Ҳаннс Зайдел ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд:
- муҳокимаи проблемаҳои вобаста бо табодули таҷрибаи касбӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ;
- табодули ақида ва таассурот.
Дар ҷараёни мулоқот ҳарду ҷониб ба хулосае омаданд, ки табодули намояндагони ҷонибҳо ҷиҳати муайян сохтан ва татбиқи имкониятҳои таҷрибаи пешқадами мувофиқу судманд аз манфиат холӣ нест.
Чорабинии мазкур ҳамчунин, таҷассумгари кӯшишҳои ҷонибҳо ҷиҳати дарёфт намудани таҷрибаи пешқадам буд.

Дар хотимаи мулоқот ҷаноби доктор Макс Георг Майер ва сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. Нақшаи молиявии лоиҳаи муштараки Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел барои соли 2017-ро ба имзо расониданд.
Каримова Л.М., сарнозир оид ба робитаҳои байналмилалии Академияи ВКД, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика