Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва тантанаи Ваҳдати миллӣ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» кормандони милитсия бо хонандагон ва падару модарон ҷиҳати ташаккули савияи дониши хонандагон, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва равияҳои динӣ, зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи нашъаовар, пешгирии зуҳуроти номатлуб пайваста мулоқоту вохӯриҳои судманд мегузаронанд.

Дар ин радиф оид ба ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯйиқасд ба он, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва муноқишаҳои байнимактабӣ, тарбияи толибилмон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2017 аз тарафи роҳбарони аввал ва муовинони сардорони Раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ ва ҷузъу томҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намудани вохӯриву суҳбатҳо ҳар моҳ на камтар аз як маротиба ба роҳ монда шудааст.
Бахшида ба «Соли ҷавонон», Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, 20-солагии Ваҳдати миллӣ дар таърихи 31-уми майи соли 2017 дар Мактаб-интернати №1 шаҳри Душанбе, Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №60 ноҳияи Сино, Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №63 ноҳияи Шоҳмансур барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ аз ҷониби кормандон ва курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ваҳдату сулҳу салоҳи Тоҷикистон файзбахш» баргузор гардид.
Сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №60 ноҳияи Сино чорабинии фарҳангӣ-фароғатиро ҳусни оғоз бахшида, хонандагони фаъоли ин муассисаро бо ифтихорномаҳо сарфароз гарддонд.
Роҳбари Академияи ВКД дар баромади хеш қайд намуд, ки маротибаи дуюм аст, ки ман дар ин даргоҳи маърифат бо шумо хонандагони азиз, роҳбарони синфҳо, маъмурияти муассиса ва падару модарон суҳбат дорам. Имрӯз, ки мо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро таҷлил менамоем, аз ин рӯ мехоҳем қайд намоям, зиндагии инсон бе ҳастии кӯдакон ҳеч аст, зеро ба қавли шоир фарзанд давоми умри инсон мебошад.
Якуми июн дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии хифзи кӯдакон тачлил мегардад. Ин ҷашн, яъне Рӯзи хифзи кӯдакон мохи ноябри соли 1949 бо карори Иҷлосияи Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта буд. Ин ҷашн - Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аввалин маротиба соли 1950 дар 51 кишвари чаҳон ҷашн гирифта шуда ба ҳукми анъана даромад.
Боиси сарфарозист, ки ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва ҳамасола вохӯрӣ бо намояндагони ҷавонони кишвар ифодагари он аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хаёти кӯдакону ҷавонон бе тавофут набуда, ояндаи кишварро аз ҳастии онҳо донистааст. Бинобар ин, вазифаи аввалиндараҷаи ҷавонон ва қарзи муқаддаси ҳар як сокини кишвар аст, ки истиқлолият, сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ, оромию амнияти кишварро пос дорем ва ҳимоя кунем. Худшиносу худогоҳ бошем. Рӯҳияи озодихоҳӣ, ватандӯстӣ, ватандорӣ ва ифтихори миллиро тақвият бахшем.

Насли ҷавони мо бояд аз он шукргузор бошад, ки дар як кишвари соҳибистиқлол зиндагӣ, таҳсил ва кор мекунад. Ва ҳамин давлат аст, ки барои ҷавонон шароити мусоид муҳаё месозад. Ба таъкиди Пешвои миллат «Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки истиқлолияти воқеӣ доштан ва соҳибдавлату соҳибватан будан барои инсон бузургтарин неъмат ва волотарин армони зиндагӣ аст»…
Дар фарҷоми суханронии хеш сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ хатмкунандагони ин муассисаро барои бомувафаққият супоридани имтиҳонҳо ва идома додани таҳсил дар Донишгоҳу Донишкадаҳои дохил ва хориҷи кишвар комёбиҳо таманно намуд. Барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ, ки пурра фарогири мавзӯи Ватанпарастӣ, Ваҳдату хештаншиносӣ, истиқлолияти кишвар, донишу маърифат, ҷасорату шуҷоат буд, аз ҷониби кормандон ва курсантони Академияи ВКД пешкаши иштирокчиён гардид.
Ин иқдоми наҷиб дар Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №63 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки муовини аввали сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ. ва муовини сардори Академияи мазкур оиди кор бо ҳайати шахсӣ полковники милитсия Шарифзода М.С. идома ёфт.
Азиза Давлатшоева, полковники милитсия  


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика