Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсия дар мавзӯи «Тоҷикистон ташаббускори масоили обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ»

30 майи соли 2017, дар толори маҷлисгоҳи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон ташаббускори масоили обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ» бахшида ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» баргузор гардид. Конфренсияи илмӣ-амалиро муовини аввали сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷурахон Ҳаким ифтитоҳ бахшида, баромадкунандагонро ба иштирокчиёни конфронс шинос намуд.
Дар конфронси илмӣ-амалӣ кормандони директори Иниститути масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Кобулиев З.В. дар мавзӯи “Истифодаи оқилонаи захираҳои обии дарёҳои бурунмарзии Осиёи Марказӣ”, муовини Иниститути масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессори фахрии Академияи Оксфорди Британияи Кабир, узви вобастаи Академияи мардумии Федератсияи Россия Пулодов Я.Э. дар мавзӯи “Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим”, ходими илмии Иниститути масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Асоев Ҳ.М. дар мавзӯи “Тоҷикистон ташаббускори масоили обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ”, н.и.ф, муаллими калони кафедраи фанҳои муҳандисию техникии факултети №3 Академияи ВКД Қурбонов Н.Б. дар мавзӯи “Таъсири тағирёбии глобалии иқлим ба коҳишёбии пиряхҳои Тоҷикистон” иштирок ва маърӯза намуданд.

Маърӯзачиён вобаста ба хусусиятҳои дарёҳои бурунмарзӣ, дохилӣ, тарафҳои ҳуқуқии онҳо, ҷиҳати истифодабарӣ, таъсири глобалии иқлим ба коҳишёбии пиряхҳои Тоҷикистон, инчунин дар ин раванд, махсусан як силсила ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба обҳои сайёра дар сатҳи байналмилалиро, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазируфта шудаанд, матраҳ намуданд.
Дар рафти конфронс аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои истифодаи захираҳои обӣ бо проблемаҳои афзоиши аҳолии сайёра, тағйироти глобалии иқлим, бӯҳронҳои молиявӣ, ҳифзи муҳити зист, энергетика ва озуқаворӣ ба маърӯзачиён саволҳо пешниҳод гардида, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Дар хотимаи конфронс муовини аввали сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ. баромад намуда, баргузории чунин як конференсияи илмӣ-амалиро бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ба вижа дар соли ҷорӣ иқдоми саривақтӣ ва муассир дар самти баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҳайати афсарону курсантон доир ба тамоюлҳои марбут ба об ва сафарбар кардани талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳамчунин дигар тарафҳои дахлдор дар тамоми сатҳҳо, ки ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об мебошанд, арзёбӣ намуд.
Насуриён П., садори факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия. 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика