Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Курсантони факултети №4-и Академияи ВКД стипендияи Раиси вилояти Суғдро ба даст оварданд

      

Ҳафтаи сипаригардида дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд назди Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихӣ – фарҳангии “Истиқлол” маросими тантанавии ҷамъбасти чорабиниҳои «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» ҷашн гирифта шуд.

Ин чорабинии бошукӯҳ бо ҳузури роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, роҳбарони муассисаҳои олӣ ва кормандони соҳаи маориф, ҷавонони фаъол, донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирандагони стипендияи Раиси вилояти Суғд, шоирон ва санъаткорони наврасу ҷавон, ғолибони як қатор озмунҳо ва гирандагони стипендияи раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, варзишгарон ва намояндагони ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор шуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ Абдураҳмон Қодирӣ ба 130 нафар гирандагони стипендияи Раиси вилояти Суғд, ғолибони озмунҳои вилоятии “Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ” шаҳодатномаву стипендия ва мукофотпуливу тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Дар ин чорабинии бошукӯҳ курсантони факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо қароргоҳ дар шаҳри Хуҷанд низ ҷоизадори стипендияи Раиси вилояти Суғд гаштанд, аз ҷумла курсантони курси чорум сержанти хурди милитсия Дадобоев М. ва милитсияи қаторӣ Исматзода П., гирандаи стипендияи Раиси вилояти Суғд барои соли таҳсили 2016-2017 шуданд.
Ҳоҷибобо З.М., муовини сардори факултети №4-и Академияи ВКД оид ба қисми таълимӣ 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика